Тоҷикӣ

ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ

05 Феврали 2021, Ҷумъа

ш.Душанбе. 5.02.2021. Имрӯз дар Муассисаи давлатии "Маҷмааи тандурустии Истиқлол" бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва роҳбарону масъулини сохторҳои мухталифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мулоқот доир гардид.
Дар вохӯрии навбатӣ масъулин роҷеъ ба ҳадафу моҳияти аслии Паёми Президенти кишвар сухан ронда, изҳор доштанд, ки Паёми навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати роҳнамои фардои миллат дар байни сокинони кишвар ҳамовозии амиқ пайдо намудааст.
Зикр гардид, ки Паёми навбатии Пешвои миллат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ - сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод гардид ва дар бораи тараққиёту пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илму фарҳанг ва сиёсати дохилию хориҷии мамлакат ва вазифаҳои минбаъдаи давлату ҳукумати кишвар барои як сол ва солҳои оянда мушаххасан ибрози назар карда шуд.
Вохўриҳо дар сатҳи баланд доир гардида, то санаи 16 - уми феврали соли равон ҷараён хоҳанд гирифт.
 
 

Илова кунед