ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ

05 Феврали 2021, Ҷумъа

ш.Душанбе. 5.02.2021. Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Одиназода Дилшод ва роҳбарону масъулини сохторҳои мухталифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мулоқот доир гардид.
Зикр гардид, ки Паёми навбатии Пешвои миллат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ - сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод гардид ва дар бораи тараққиёту пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илму фарҳанг ва сиёсати дохилию хориҷии мамлакат ва вазифаҳои минбаъдаи давлату ҳукумати кишвар барои як сол ва солҳои оянда мушаххасан ибрози назар карда шуд.
Вохўриҳо дар сатҳи баланд доир гардида, то санаи 16 - уми феврали соли равон ҷараён хоҳанд гирифт.
 

Илова кунед