ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №60 АЗ 05.02.2021

05 Феврали 2021, Ҷумъа

Дар бораи баргузор намудани Фестивали заргарӣ таҳти унвони «Ҳунар омӯз …»  дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади иҷрои банди 2 ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҳикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020, №АП-1332 тасдиқ гардидааст ва иҷрои банди 3 ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2019-2021 бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 феврали соли 2019, №58 тасдиқ гардидааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

  1. Ҳайати Кумитаи тадорукот Фестивали заргарӣ таҳти унвони «Ҳунар омӯз...» дар шаҳри Душанбе ва нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории озмуни мазкур тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шавад.
  2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе сарпарасти соҳа, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди фарҳангию ташкилӣ доир намудани озмуни мазкур дар даврҳои ноҳиявию шаҳрӣ тадбирҳои дахлдор андешанд.
  3. Даврҳои якум ва дуюми озмун тибқи муқаррароти Низомномаи фестивали ҷумҳуриявии Фестивали заргарӣ таҳти унвони «Ҳунар омӯз...» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021, ки аз ҷониби Вазири саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2019, тасдиқ шудааст, ташкилу баргузор карда шавад.
  4. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рўзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории озмуни мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монанд.
  5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Одиназода Д. Н. гузошта шавад.

  

РУСТАМИ  ЭМОМАЛӢ

Илова кунед