Тоҷикӣ

ПАЁМ - ҲУҶҶАТИ РАҲНАМОСОЗ!

08 Феврали 2021, Душанбе

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 январи соли 2021 ироа гардида буд, дар муассисаву ташкилотҳо ва шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт мулоқоту вохўриҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо сокинону кормандон ва хизматчиёни корхонаву муассисаҳо баргузор гардида истодаанд.
Санаи 8 феврали соли 2021 дар Театри таҷрибавии тамошобини ҷавони ба номи М. Қосимов ҳайате, ки ба он муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе - А. Ф. Қурбонзода сарварӣ менамоянд, бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе - М. М. Муинӣ, Х. С. Шарифзода - сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе - А.Норасов, сардори Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе - Н.Шоев бо намояндагони соҳаи фарҳанги пойтахт вохўриву мулоқот доир намуданд.
 
 
 

Илова кунед