Тоҷикӣ

ПАЁМ - ҲУҶҶАТИ РАҲНАМОСОЗ

08 Феврали 2021, Душанбе

Санаи 8 феврали соли 2021 ҳамчунин дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Ф. Ҳ., сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе - Азизӣ М.М., мудири шуъбаи нақлиёти Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе - Камолов Х., мудири шуъба оид ба ҳуқуқи кўдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе - Ниёзова М., мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе - Гулов М., ҳамзамон дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И.Сомонии пойтахт таҳти сарварии муовини Раиси шаҳри Душанбе – Раҳимзода Т.К., бо иштироки мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе - Раҷабзода С., сардори Раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналии Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе – Абдураҳимзода П., сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе - Абдураҳимзода З., мудири шуъбаи ободонии Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе - Раҳмонов Ш.  бо сокинон, мутахассисону мутасаддиён ва фаъолони ноҳияҳои мазкур оид ба шарҳу тавзеҳу моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбату вохўриҳои муфид анҷом дода шуд. Аъзоёни ҳайати гурӯҳҳоиои таблиғотӣ аз ҷумла афзуданд, ки бо таъкиди Сарвари маҳбуби давлат, бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрўза, мо минбаъд низ бояд тарзе кор кунем, ки ба ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошем ва нагузорем, ки мардумамон аз норасоии маводи ғизоӣ танқисӣ кашанд. Дар вохўриву суҳбатҳо, ки то санаи 16 - уми феврали соли равон ҷараён хоҳанд гирифт, ҳамаи паҳлўҳои суханҳои ироагардидаи Сарвари давлат доир ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангию маърифатӣ матраҳ хоҳанд шуд.

Илова кунед