ПАЁМ - КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА!

09 Феврали 2021, Сешанбе

Тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз санаи 3-юми феврали соли 2021 таҳти № 54 дар бораи ташкили мулоқоту вохӯриҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 26 январи соли 2021 баргузор гардида буд, дар муассисаву ташкилотҳо ва шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт мулоқоту вохўриҳои гурӯҳҳои таблиғотӣ дар 5 гурӯҳ бо сокинону кормандон ва хизматчиёни корхонаву муассисаҳо мулоқотҳо баргузор гардида истодаанд.
Санаи 9 феврали соли 2021 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии пойтахт таҳти роҳбарии муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе А.Ф. Қурбонзода бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе М. М. Муинӣ, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Х. С. Шарифзода, мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе А. Норасов ва имомхатибони масҷидҳои шаҳри Душанбе суҳбату вохўриҳо доир гардид.
 
 

Илова кунед