ПАЁМ - КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА!
Бо мақсади шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 январи соли 2021 ироа гардида буд, дар муассисаву ташкилотҳо ва шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт мулоқоту вохўриҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо сокинону кормандон ва хизматчиёни корхонаву муассисаҳо баргузор гардида истодаанд.
Имрӯз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 32-и ноҳияи Синои пойтахт бо сокинони шаҳракаи 32-и ноҳия бо роҳбарии муовини раиси шаҳри Душанбе У. Гуреззода ва ҳайати гурӯҳи корӣ мулоқоту вохӯрӣ анҷом пазируфт. Зикр гардид, ки соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, мардуми дунё ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рў ба рў омад. Пайомадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин, ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии мо низ таъсири манфии худро расонид. Бо вуҷуди ин, халқи шарифи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҳама мушкилотро паси сар карда, бо меҳнати созандаву садоқати бепоён ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо мегардонем.