ПАЁМ - КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА!

09 Феврали 2021, Сешанбе

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Ф. Ҳ. Саидзода бо сокинони шаҳракҳои 23, 24 ва маҳаллаи Яккачинори ноҳия роҷеъ ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат сӯҳбату мулоқот доир гардид. Аъзоёни ҳайати гурӯҳҳои таблиғотӣ вобаста ба нуқтаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андеша баён намуда, ба аҳли нишаст пиромуни моҳияти Паёми Президенти мамлакат изҳори назар намуданд. Ҳамин тариқ, вохӯриҳо то санаи 16 - уми феврали соли 2021 ҷараён гирифта, дар он ҳама паҳлўҳои суханҳои ироагардидаи Сарвари давлат доир ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангию маърифатӣ шарҳу тавзеҳ меёбанд.

Илова кунед