ВОХӮРИҲОИ СУДМАНД

10 Феврали 2021, Чоршанбе

 

Санаи 10 феврали соли 2021 гурӯҳи таблиғотӣ иборат аз намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва зерсохторҳои он, аҳли илму адаб аз Гимназияи ҳарбии ҚС КДАМ дидан намуданд. Сароғоз гурўҳи таблиғотӣ бо шароити буду боши сарбозону афсарон ва курсантони Гимназияи мазкур шинос шуданд. Тавре маълум гардид, муассисаи мазкур дорои китобхона, синфхонаҳои барҳавову алоҳидаи фаннӣ, толори варзишӣ ва ошхонаи замонавӣ мебошад. Хобгоҳи муассисаи таълимӣ низ бо шароити зарурӣ таъмин гардидааст.
 
 
Ҳамчунин, дар Гимназияи мазкур осорхонае таъсис дода шудааст, ки дар он намунаҳои сохти давлатдорӣ, аз ҷумла, лавозимоти ҳарбӣ, китобҳо ва расмҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавҷуданд.
 
 
Намояндагони гурўҳи таблиғотӣ бо таълимгирандагони Гимназия ва ҳайати он мулоқоту суҳбатҳои муфид анҷом доданд. Мақсади баргузории вохўриҳо баланд бардоштани маърифати ҷавонон, эҳсоси ватандӯстӣ ва тақвияти садоқатмандии онҳо нисбати арзишҳои миллӣ ва Истиқлолу Ваҳдат маънидод мешавад.
Қайд гардид, ки ҳимояи марзу буми кишвари азизамон Тоҷикистон ва пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ба зиммаи афсарону сарбозон вогузор гардидааст. Барои ҳамин баҳри иҷрои ин рисолат омодагии худро бояд пайваста тақвият диҳем. Дар навбати худ таълимгирандагону кормандони ин муассисаҳои олии таълимӣ барои иҷрои ин рисолат омодагии худро изҳор намуданд.
 
 
 

Илова кунед