МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ БАРОИ ДАРЁФТИ "ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ" БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР ОҒОЗ ГАРДИД.

10 Феврали 2021, Чоршанбе

Мусобиқаи волейбол миёни бонувон барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе бори 5-ум аст, ки баргузор карда мешавад. Ин мусобиқа дар миёни бонувон аз зумраи маъруфтарин чорабинии солимгардонию варзишӣ ба ҳисоб меравад, зеро ҳамасола шумораи дастаҳои иштирокчӣ меафзояд. Қабл аз баргузории ин мусобиқа Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишии шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо мураббиёни намуди волейбол, ки масъулияти дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани мусобиқаро ба уҳда доранд, бо намояндагони дастаҳои иштирокчӣ мулоқот анҷом дода, тартибу низом ва мақсаду ҳадафҳои асосии Ҷоми Раиси шаҳрро ба ҳозирин расонида буданд.

Дар расми ифтитоҳи мусобиқа муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи кор бо занон ва оила, инчунин намояндагони дастаҳои иштирокчӣ фаъолона ширкат варзиданд.

Тавре зикр гардид, мусобиқа бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади тарғиби тарзи ҳайёти солим, миёни бонувон, рушди намуди волейбол, дар сатҳи баланд таҷлили намудани Рўзи модар ва 30 солагии Истиқлоли давлатии кишвар ташкил гардидааст.

Илова кунед