ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОКИНОНИ МАМЛАКАТ
10 Феврали 2021, Чоршанбе
Санаи 10-уми феврали соли 2021 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳиансур бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва роҳбарону масъулини соҳаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе мулоқот доир гардид.
Дар вохӯрии навбатӣ масъулин роҷеъ ба ҳадафу моҳияти аслии Паёми Президенти кишвар сухан ронда, изҳор доштанд, ки Паёми навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати роҳнамои фардои миллат дар байни сокинони кишвар ҳамовозии амиқ пайдо намудааст.
Вохўриҳо дар сатҳи баланд доир гардида, то санаи 16 - уми феврали соли равон ҷараён хоҳанд гирифт.