Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №485 АЗ 13.08.2019

13 Августи 2019, Сешанбе

Дар бораи муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии шоҳқубури қутраш 900 мм, воқеъ дар кӯчаи Карамов

Бо мақсади пайваст намудани шоҳқубури хобонидашудаи қутраш 900 мм ба шоҳқубури амалкунандаи қутраш 900 мм дар кӯчаи Карамов ва муроҷиати Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе» аз 8 августи соли 2019, №1/531 мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»               

                                                                                 ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Нақшаи чорабиниҳои замимагардида  оид ба муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии шоҳқубури қутраш 900 мм, воқеъ дар кӯчаи Карамови ноҳияи Исмоили Сомонӣ тасдиқ карда шавад.

2. Ба инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ (маҳаллаи Гулистон, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Ҳ.Ҳакимзода, Карамов (аз хиёбони Рӯдакӣ то хиёбони Ҳ.Шерозӣ), Фирӯз, С.Ғанӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ, Шаҳрчаи тандурустӣ ва Боғи Ирам) ва ноҳияи Сино (маҳаллаҳои 11, 12, 13, 14, 15, 15а, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, 112, Зарафшон 1, Зарафшон 2, Испечак 1, Испечак 2, Испечак 3, Муҳандис, Меҳробод, Мир Саид Али Ҳамадонӣ, Навободи боло, Навободи поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷрӯд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло, Лучоби поён, Комсомол, Қазоқон 1, Қазоқон 2, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Ҳаёти нав ва кӯчаи Бобо Ҳамдам) аз соати 23:00 рӯзи 14 август то соати 23:00 15 августи соли 2019 қатъ мегардад.

3. Раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар давраи иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

4. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ, таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботҳои санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.

5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. гузошта шавад.

 

                                                                                                                                Рустами Эмомалӣ

Илова кунед