ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОКИНОНИ МАМЛАКАТ

10 Феврали 2021, Чоршанбе

Санаи 10 феврали соли 2021 дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52 - и ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб Карим ва ҳайати гурӯҳи корӣ бо сокинони маҳаллаи Х.Назаров ва КВД «Манзил хизматрасонии №2 - и ноҳияи И.Сомонӣ ва ҳамзамон, омўзгорону фаъолон ва мардуми манотиқи наздики таълимгоҳ доир гардид. Ҳайати гурӯҳи таблиғотӣ роҷеъ ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат суҳбату мулоқоти хеле самимӣ доир намуданд. Аъзоёни гурӯҳи таблиғотӣ вобаста ба нуқтаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андеша баён намуда, ба аҳли нишаст пиромуни моҳияти Паёми Президенти мамлакат изҳори назар намуданд.

Илова кунед