ОЗМУНИ "ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ"
11 Феврали 2021, Панҷшанбе
ш.Душанбе. 11.02.2021. Имрӯз дар шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни “Ҳунарҳои ороишӣ аз санг” бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП 1140 баргузор гардид.
Натиҷаҳои озмун бо иштироки доираи васеи иштирокчиён, сангтарошону ороишгарон ва коршиносону мутахассисони соҳа ҷамъбаст гардид.
Дар маросими ифтитоҳи озмун муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ аз аҳамияти ин чорабинии фарҳангӣ - сайёҳӣ дар таърихи навини кишвар маълумот дода, аз иштирокчиёни озмун даъват ба амал овард, ки дар муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар, бахусус пойтахти он – шаҳри Душанбе дар арсаи байналмилалӣ саҳмгузор бошанд.
Зикр шуд, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаи сайёҳи, ҷалби бештари сайёҳон ба мамлакат ва муаррифии кишвар дар арсаи ҷаҳон солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шудааст.
Лозим ба зикр аст, ки дар даври шаҳрии озмун довталабоне, ки дар даври ноҳиявӣ ғолиб гардида буданд, иштирок намуда, ба ҳайати ҳакамон ва меҳмонон маҳсулоти омоданамудаи худро муаррифӣ намуданд.
Баъди азназаргузаронии маҳсулотҳои пешниҳодшуда ғолибони даври шаҳрии озмун муайян гардиданд. Ҷойи аввал дар номинатсияи "Корхонаи саноатӣ" ба ҶДММ “Рухом” ва ҷойи дуюм дар ҳамин номинатсия ба ҶДММ "Асрори санг" дода шуд. Дар номинатсяи "Ҳунарманди касбӣ" бошад ғолиб Манучеҳр Саидов намояндаи н.И. Сомонӣ дониста шуда, ғолиби номинатсияи "Ҳунарманд" бошад Бобоев Маҳмуд намояндаи н. Фирдавсии пойтахт интихоб гардид. Ҳамаи ғолибон бо мукофотҳои хотиравӣ ва диплому сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.
Тазаккур бояд дод, ки озмуни “Ҳунарҳои ороишӣ аз санг” бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи сангтарошию ороишӣ, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии мутахассисони соҳа, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари ороишиву сангтарошӣ, инчунин ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишвар ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.