ПАЁМ - РОҲНАМОИ МО!

11 Феврали 2021, Панҷшанбе

Инчунин вохўрии навбатии гурӯҳҳои таблиғотӣ бо бошандагони маҳаллаҳои Чиноро - 1, 2 ва Кооперативи моликони манзили №5-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 29-и шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе - Д.Н. Одиназода бо иштироки мудири шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе - П. Қосимзода, директори Маркази назорати давлатии санитарию эмидемологии шаҳри Душанбе - А.Амирзода, директори МД «Телевизиони Душанбе» - С. Рауфзода, муовини сардори Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе - М.Худойназаров, доир гардид.
Ҳамзамон дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И.Сомонии пойтахт муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе - А. Ф. Қурбонзода сарварӣ менамоянд, бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе - М. М. Муинӣ, Х. С. Шарифзода - сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе - А.Норасов, мутахассисону мутасаддиён ва фаъолони ноҳияҳои мазкур оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбату вохўриҳои муфид анҷом дода шуд.
Бояд гуфт, ки аъзои ҳайати гурӯҳҳои таблиғотӣ, роҷеъ ба масъалаҳои муҳими ҳаёти мардуми пойтахт, ободонӣ ва бунёдкорӣ дар навоҳии шаҳри Душанбе, амалӣ шудани қонунҳои миллии ҷумҳурӣ роҷеъ ба танзими оила, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, фарҳангу маънавиёти наврасону ҷавонон, тарзи ҳаёти солим, бемориҳои сирояти андешаҳои худро иброз намуданд.

Илова кунед