ФЕСТИВАЛИ « ҲУНАР ОМӮЗ …»

11 Феврали 2021, Панҷшанбе

ш.Душанбе. 11.02.2021. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар робита ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП 1140 Фестивали заргарї тањти унвони «Ҳунар омӯз …», бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Даври шаҳрии озмуни «Ҳунар омӯз …» бо рақобати солими довталабон, аз чор ноҳияи пойтахт, ки ҳунармандони зиёдро фаро мегирифт, баргузор шуд.
Маросими ифтитоҳи фестивал бо суханронии муовини Раиси шаҳри Душанбе Одиназода Дилшод оғоз шуда, сипас ҳайати ҳакамон ва меҳмонон аз маҳсулоти пешниҳоднамудаи ҳунармандони чор ноҳияи пойтахт дидан намуданд. Баъди азназаргузаронии маҳсулотҳои пешниҳодшуда ғолибони даври шаҳрии озмун муайян гардиданд. Ҳамин тариқ, зинаи аввалро ҶСК “Равшан”, ҷойи дуюм ҶДММ “Карон-гавҳарнигор” ва мавқеи сеюм ба ҶДММ “Тоҷик-кристалл” насиб гардид. Дар миёни ҳунармандони инфиродӣ низ ғолибон муайян карда шуданд.
Дилмурод Шарипов ҷойи аввал, ҶДММ “Рухом” мақоми дуюм, Сафаров Абдураҳмон зинаи сеюм ва Баҳодур Ҳайталиев мақоми чорумро мутаносибан ишғол намуданд. Дар фестивали мазкур маҳсулоти заргарии ҶДММ “Рухом”, “Олами ҷавоҳирот”, “Зари тоҷик”, “Тоҷик – кристалл”, ҶДММ “Карон гавҳарногир”, Мағозаҳои фуруши ҷавоҳироти “Бозори Меҳргон”, ширкати Дилмурод Шарипов ва МД “Ҳунарҳои мардумӣ” ба мараз гузошта шуда буд.
Ҳадафи баргузории Фестивали мазкурро масъулин дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи заргарӣ ва ҷалби ҷавонон ба ин соҳа, инчунин рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии мутахассисони соҳа, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари заргарӣ, ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишвар ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди мероси пурғановати ниёгон ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод намуданд.

Илова кунед