ИДОМАИ ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

12 Феврали 2021, Ҷумъа

Имрӯзҳо бо мақсади шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 январи соли 2021 ироа гардида буд, дар муассисаву ташкилотҳо ва шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт мулоқоту вохӯриҳои судманди роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо сокинону кормандон ва хизматчиёни корхонаву муассисаҳо баргузор гардида  истодааст.

Санаи 12 феврали соли 2021 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №101- и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  ҳайате, ки ба он муовини Раиси шаҳри Душанбе У. Гуреззода роҳбарӣ менамоянд, бо иштироки мудири шуъбаи иттилооти Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе - Ҷ.Олимов, сардори Раёсати иқтисод, молия ва ояндабинии Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе - А.Саидмуъминзода, Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе - Ш. Раҳимзода, сармуҳаррири рӯзномаи «Паёми Душанбе» Ш. Ҳусейнзода, бо намояндагони корхонаву муассисаҳо ва сокинони шаҳракҳои 103, 104, маҳаллаи Бунёдкорони ноҳияи Синои пойтахт вохӯриву мулоқот доир намуданд. 

Илова кунед