ИДОМАИ ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ
Ҳамчунин, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18- и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Ф. Ҳ. Саидзода, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе - Азизӣ М.М., мудири шуъбаи нақлиёти Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе - Х.Камолов, мудири шуъба оид ба ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе - М.Ниёзова, мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе - М.Гулов, бо намояндагони маҳаллаҳои Алачабофон, Дӯстӣ, Дарвоз ва Ҳосилоти ноҳияи Фирадвсӣ вохӯриҳои муфид доир карда шуд. Дар суҳбату мулоқотҳо тамоми паҳлуҳои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарҳу тавзеҳ дода шуда, моҳияти ин санади муҳими давлатӣ ба самъи ҳозирин расонида шуд.