ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №91 АЗ 12.02.2021

12 Феврали 2021, Ҷумъа

Дар бораи ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои шаҳрии “Мураббии сол-2020”, “Омӯзгори  сол-2020” ва “Хонандаи сол-2020” дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ – маънавии кормандони соҳаи маориф ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” 

ҚАРОР   МЕКУНАМ :

  1. Протоколи озмунҳои шаҳрии “Мураббии сол-2020”, “Омӯзгори сол-2020” ва “Хонандаи сол-2020”, ки ғолибон ва иштирокчиёни озмунро муайян намудааст, тибқи замимаҳои 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шавад.
  2. Ҳисобномаи ҳавасмандгардонии молиявии ғолибони озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе “Мураббии сол-2020”, “Омӯзгори сол-2020” ва “Хонандаи сол-2020” тибқи замимаи 4 тасдиқ карда шавад.
  3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе тибқи ҳисобномаи замимаи 4 аз ҳисоби маблағҳои ба ин мақсад дар буҷети соҳаи маориф пешниҳод шуда, 26 930 сомонӣ ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе барои сарфароз гардонидани ғолибони озмунҳо ҷудо намояд.
  4. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷиҳати дар фазои тантанавӣ бо мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонидани ғолибони озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе чораандешӣ намоянд.
  5. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
  6. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рўзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси муҳтавои қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.
  7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

      РУСТАМИ  ЭМОМАЛӢ

Илова кунед