ИДОМАИ ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ
Чунин вохўриҳову суҳбатҳои гурӯҳҳои таблиғотӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Ф. Ҳ. Саидзода, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе - Азизӣ М.М., мудири шуъбаи нақлиёти Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе - Х. Камолов, мудири шуъба оид ба ҳуқуқи кўдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе - М. Ниёзова, мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе - М. Гулов, бо устодону донишҷўёни ин муассисаи олии кишвар оид ба шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоту вохўриҳои муфид анҷом дода шуд.
Дар ҳама вохўриҳо роҷеъ ба нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фикру андеша баён гардида, моҳияти он муфассал ба самъи ҳозирин расонида шуд. Сарвари давлат дар Паёми имсола роҷеъ ба тараққиёту пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илму фарҳанг ва сиёсати дохилию хориҷии мамлакат муфассал ибрози назар намуда, вазифаҳои минбаъдаи давлату ҳукумати Тоҷикистонро барои як сол ва солҳои оянда мушаххасан баррасӣ карданд.