НИШАСТИ МАТБУОТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
16 Феврали 2021, Сешанбе
Имрўз дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар он Раиси ноҳияи Сино Салимзода Нусратулло Файзулло роҷеъ ба натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияи Сино маълумоти муфассал пешкаш намуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати бунёдкоронаю созандаи Пешвои муаззами миллат дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе ва инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда фаъолиятро ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ тадбирҳои мушаххас андешида, аксари соҳаҳои иқсодию иҷтимоӣ ва аслан, кулли нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии ноҳия дар ин давра таъмин карда шуд.
Инчунин муроҷиати шаҳрвандон, ки дар давраи ҳисоботӣ пешкаш ва ворид гардидааст, ба ҳамаи мактубҳо ҷавоби расмӣ дода шудааст. Шумораи умумии мактубҳо, ки наздик ба 2000 ададро ташкил доданд, аз тарафи масъулин комилан ҳалли худро ёфтанд, - гуфта шуд зимни нишасти матбуотӣ.
Рўйдодҳои муҳими таърихӣ ва тағйироти зиёд, ки бо роҳнамоии бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сурат мегиранд, қабл аз ҳама ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум, худшиносии миллӣ ва тараққиёти муҳимтарин соҳаҳои халқи ҷумҳурӣ, пойтахт ва ноҳияҳо нигаронида шудаанд...
Дар ин раванд соҳаҳои саноат, нақлиёт, молия, маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзиш, ҳифзи иҷтимоӣ ва фаъолияти ҷавонон ҳамеша дар мадди назаранд.
Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида, ки дар ноҳия беш ҳазор чорабинӣ ба қайд гирифта шудааст, иҷроиши беш аз 95 дар сади чорабиниҳо таъмин карда шудааст.
Нишасти матбуотӣ бо суолу посухҳои мушаххас сурат гирифта, рўзноманигорон бо пешниҳоду андешаҳои ҷолиб, роҷеъ ба масъалаҳои ҳалталаби ҷомеа фикру мулоҳизаҳои худро иброз намуданд.