СЕМИНАР-МАШВАРАТ МУҲОКИМА ВА БАРРАСИИ ЛОИҲАИ КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
18 Феврали 2021, Панҷшанбе
ш. Душанбе. 18 феврали соли 2021. Имрӯз дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И. Сомонии пойтахт бо эҳтимоми Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкории шаҳри Душанбе ва иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе У. Гуреззода, намояндагони Вазорати молия, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва субъектҳои соҳибкорӣ семинар – машварат доир гардид.
Дар чорабинӣ зикр гардид, ки мақсади семинар – машварат муҳокима ва баррасии лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав мебошад. Лоиҳаи кодекси мазкур дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби гуруҳи кории байни идоравӣ таҳия ва ба муҳокимаи оммавӣ пешниҳод гардидааст.
Дар семинар - машварат муовини Раиси шаҳри Душанбе У. Гуреззода, директори Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкории шаҳри Душанбе И. Қурбоналиев ва дигарон роҷеъ ба масъалаи болозикр фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд.
Семинар – машварат бо саволу ҷавоб ва таклифу пешниҳодҳои муфид анҷом ёфт.