Тоҷикӣ

ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНҲОИ ФАННИИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

03 Марти 2021, Чоршанбе

ш. Душанбе 03.03.2021. Имрӯз дар муассисаи таҳсилоти давлатии «Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври сеюми (шаҳрии) олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар маросим муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, муовини вазири маориф ва илми мамлакат Латофат Назирӣ ва дигар меҳмонон ҳузур доштанд.
Мавсума Муинӣ ба маросим ифтитоҳ бахшида, изҳор дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инкишофи тафаккури техникии насли наврас, солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф» эълон карданд.
Барои расидан ба ин ҳадафҳо дар кишвар ҳамасола озмунҳои шаҳрӣ (ноҳиявӣ), вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор гардида, ғолибон аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз ҷиҳати маънавию моддӣ қадрдонию ҳавасманд гардонида шаванд.
Дар ин росто, Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе олимпиадаҳои фаннии хонандагонро дар ҳамаи зинаҳои муассисаҳои таҳсилоти шаҳри Душанбе дар пойтахт ва ноҳияҳои он марҳила ба марҳила роҳандозӣ намуд. Маркази мазкур ташкил ва баргузор намудани олимпиадаҳои фаннӣ ва ҳавасмандгардонии иштирокчиёни онҳоро яке аз усулҳои босамари дастгирӣ ва ҷалб кардани хонандагони болаёқат ба донишандӯзӣ ва илмомӯзӣ мебошад.
Сипас, маросими ҷоизасупорӣ аз рӯйи шаш номинатсия - «Беҳтарин дастаи олимпии ноҳияи шаҳри Душанбе», «Даҳгонаи беҳтарин дастаи олимпии муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе», «Ғолибони даври сеюми олимпиадаи фаннии хонандагон», «Ғолибони даври шаҳрии олимпиадаи «Speeling Bee», «Ғолибони даври шаҳрии олимпиада оид ба «Шоҳмот» ва «Ғолибони олимпиадаи даставии «Истеъдод» баргузор гардид.
Дар асоси қарори Кумитаи тадорукот барои бештар соҳиб гардидан ба ҷойҳои ифтихорӣ дар олимпиада ба дастоварда аз рӯйи номинатсияи «Беҳтарин дастаи олимпии ноҳияи шаҳри Душанбе» зинаи аввалро дастаи олимпии ноҳияи Сино (351 ҷойи ифтихорӣ), ҷойи дуюм дастаи олимпии ноҳияи Фирдавсӣ (171 ҷойи ифтихорӣ) ва мавқеи сеюмро дастаҳои олимпии ноҳияи Шоҳмансур (158 ҷойи ифтихорӣ) ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ (137 ҷойи ифтихорӣ) ишғол намуда, бо ҷоизаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Аз рӯи номинатсияи «Даҳгонаи беҳтарин дастаи олимпии муассисаи таълимии шаҳри Душанбе» аз ҳисоби муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 бо 23 ҷойи ифтихорӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 бо 21 ҷойи ифтихорӣ, муассисаи таҳилоти миёнаи умумии №56 бо 19 ҷойи ифтихорӣ, муассисаи таҳсилоти умумии №16 бо 17 ҷойи ифтихорӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 бо 16 ҷойи ифтихорӣ ва аз ҳисоби литсей ва гимназияҳои пойтахт, литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 53 ҷойи ифтихорӣ, литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 47 ҷойи ифтихорӣ, гимназияи №74 бо ба даст овардани 40 ҷойи ифтихорӣ, гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бо 33 ҷойи ифтихорӣ дастаҳои беҳтарини олимпии муассисаҳои таълимӣ дониста шуда, бо ҷоизаҳо сарфароз гардиданд. Инчунин муассисаҳои таълимие, ки дар се соли охир натиҷаҳои хубро нишон дода, шумораи ғолибонашон зиёд гашта ба пешравӣ ноил гардидаанд бо Сипосномаи Кумитаи тадорукот қадрдонӣ карда шуданд.
Боиси ифтихор аст, ки дар ҷумҳурӣ бори нахуст Олимпиадаи даставии «Истеъдод», бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бо шакл ва услуби нав ташкил ва баргузор карда шуд. Дар натиҷа дастаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шоҳмансур сазовори ҷойи аввал дониста шуд. Аз ҳисоби литсей ва гимназияҳо бошад, дастаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ соҳиби ҷойи аввал дониста шуда, сазовори Ҷоми Олимпиадаи даставии «Истеъдод» гардиданд.
Бояд қайд намуд, ки аз 3017 нафар иштирокчии даври сеюми (шаҳрии) олимпиада, 841 нафарро ғолибони даври сеюми (шаҳрии) олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт ташкил доданд, ки аз ин 161 нафар хонандагони синфи 11, 108 нафар ғолибони олимпиадаи даставии хонандагони синфҳои 9-10, 112 нафар наврасони синфҳои 7-8, 85 нафар хонандагони синфҳои 5-6, 12 нафар ғолибони олимпиадаи «Speeling Вee», 12 нафар ғолибони олимпиада оид ба «Шоҳмот» ба даври чоруми (ҷумҳуриявии) олимпиадаҳо роҳхат гирифтанд.
 
 
 
 
 
 

Илова кунед