ҚАДРДОНИИ ЗАҲМАТИ ХИЗМАТЧИЁНУ ПОККОРОН

04 Марти 2021, Панҷшанбе

ш.Душанбе 04.03.2021. Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 3 марти соли 2021, №138 дар бораи ҳавасманд намудани занони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, муассисаҳои давлатии боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳрӣ, бонувон, фаррошони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, дигар воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва занони собиқадору фаъол дар доираи анъаноти шаҳрдорӣ бахшида ба Рӯзи Модар ва Иди байналмилалии «Наврӯз», санаи 4 феврали соли 2021 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои пойтахт бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар оғоз муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода масъулину кормандон ва занону бонувони Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои пойтахтро ба муносибати Рӯзи Модар табрику таҳният гуфта, барояшон комёбиҳои беназир, саодату пирӯзи таманно намуда, дар асоси дастури Раиси шаҳри Душанбе ба 1169 нафар занону бонувон, ки дар тозакориву поккорӣ ва ободонии кӯчаву маҳаллаҳои ноҳияи Сино саҳм гузоштаанд, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотҳои пулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ тақдим карданд.
Мавриди зикр аст, ки ин ҳама ғамхориву қадршиносӣ ва эҳтиром нисбати модарону бонувон бо ташаббусу дастгириҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ амалӣ гардида истодаанд.

Илова кунед