ТАҶЛИЛИ "РӮЗИ МОДАР" ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

06 Марти 2021, Шанбе

ш.Душанбе. 06.03.2021. Имрӯз ба ифтихори "Рӯзи модар" бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Кохи Суруш ҳамоишитантанавӣ бо барномаи фарҳангӣ таҳти унвони “Зиндагӣ аз Модар сарчашма мегирад” доир гардид.
Дар он бонувону модарон, фаъолзанон, кормандони сохторҳои гуногуни ҷумҳуриявию шаҳрӣ ва намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа иштирок намуданд.
Дар ибтидо муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Қурбонзода Амирхон баромад намуда, ба ифтихори ин санаи фархунда, ки дар оғози фасли зебои баҳор ва дар арафаи соли нави аҷдодӣ таҷлил мегардад, Паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба тамоми модарону бонувон ва ҳамватанон расонида, ба онҳо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву саодати рӯзгор орзу намуданд.
Тавре зикр гардид, модар чароғи нурбахшу сафобахши ҳар як хонадон, ганҷи бебаҳо ва фариштаи илоҳиест барои фарзанд. Ҳамзамон рисолати модар дар пос доштани фарҳангу адабиёт, забону ҳуввияти миллӣ ифода меёбад, яъне тарбияи ҳар фарзанд низ бар дӯши модар аст. Ободии ҳар хонадон ба хиради созандаву нерӯи тавонои офарандагии зан – модар бастагии бевосита дорад. Аз ин ҷост, ки ҳар хонаводаи ободу осуда тимсоли ободиву субот дар ҳар давлату ҷомеа дониста мешавад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода, ҷиҳати беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занону модарон, ҳифзи ҳуқуқи оила ва модару кӯдак, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагиву корӣ барои бонувону модарон ва муҳимтар аз ҳама, ҳарчи бештар ба раванди идораи давлат ҷалб намудани онҳо ва баланд бардоштани нақши иҷтимоии занону бонувон ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Тавре гуфта шуд, бонувону хоҳарон ҳамчун сокинони пойтахт иқдомҳои созандаи шаҳрдориро ҳамеша дастгириву ҷонибдорӣ мекунанд ва дар амалӣ сохтани корҳои ободиву созандагӣ дар шаҳр, махсусан баҳри таҷлили сазовори 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоқикистон нақши беандоза доранд.
Лозим ба зикр аст, ки дар арафаи ҷашн, чун анъана бахшида ба Рӯзи Модар ва Иди байналмилалии «Наврӯз» бо қарори Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати ҳавасманд намудани занони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, муассисаҳои давлатии боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳр, бонувон- фаррошони дастгоҳи Раиси шаҳр ва дигар воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 3 633 450 (се миллиону шашсаду сиву се ҳазору чорсаду панҷоҳ) сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки он дар фазои тантанавӣ ба бонувони бахшҳои зикршуда тақдим карда шуд.
Сипас баҳри болидарӯҳии бонувону модарон ва иштирокчиён дастагули мусиқии иборат аз суруду таронаҳои дилангез дар васфи зан-модар бо иштироки устодони санъат ва ҳунармандони ҷавон пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
 
 
 
 
 

Илова кунед