ЭЪЛОН: ИФТИТОҲИ ХАТСАЙРИ НАВИ АВТОБУСӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

11 Марти 2021, Панҷшанбе

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шуруъ аз санаи 15 марти соли 2021 хатсайри нави автобуси №55 (Терминали мусофирбарии дарвозаи ҷанубӣ-Боғи “Роҳи Оҳанчиён”) ба фаъолият оғоз менамояд. Автобусҳо дар хатсайри мазкур тавассути кӯчаву хиёбонҳои Мастонгулов, А. Дониш, С. Айнӣ, С. Шерозӣ, Соҳилӣ, Ҷомӣ, Н. Қарабоев, Ҷанубӣ ва шоҳроҳи Бохтар ҳаракат менамоянд.

Аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосири ватании тамғаи “АКИА ОРИЁ-LE 8” истифода баранд. Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

Илова кунед