Тоҷикӣ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

16 Марти 2021, Сешанбе

ш.Душанбе. 16.03.2021. Имрӯз дар пойтахти мамлакат Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони “Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои Наврӯзӣ” оғоз гардид.

 Фестивали мазкур бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз, ки бо қарори Раиси шаҳр аз 24 феврали соли 2021, №120  тасдиқ шудааст, рӯзҳои 16-19 марти соли ҷорӣ бо иштироки 130 нафар ҷавонони минтақаҳои гуногуни кишвар ва ҷавонони хориҷие, ки дар пойтахт таҳсил менамоянд, доир карда мешавад. Ҳадафи ташкилу баргузории фестивали мазкурро масъулин  баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, таҳкими дӯстиву рафоқат ва ягонагӣ дар байни ҷавонон, инчунин табодули таҷриба ва шиносоӣ аз ҷойҳои фарҳангиву фароғатии пойтахт маънидод намуданд. Фестивали мазкур бо баргузории Ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони “Пешвои миллат мояи ифтихор ва саодату сарҷамъии мо ҷавонон” дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оғоз шуд. Нахуст иштирокчиёни фестивал аз намоишгоҳи дастовардҳои эҷодиву ҳунарии наврасону ҷавонон ва нигораҳои таърихии Осорхона дидан намуданд. Дар Ҳамоиш роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стартегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагон ва дигар меҳмонон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иштирокчиёнро аз номи Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ хайрамақдам гуфта, зикр намуд, ки ҷашни Наврӯз, дар ҳақиқат, як ҷузъи хотираи тобноки маънавии одамон мебошад, ки наслҳоро ба ҳам пайванд дода, робитаҳои дӯстӣ ва муносибатҳои ҳамёриву ҳамкориро боз ҳам қавӣ мегардонад. Маҳз ҳамин ҷиҳатҳои хосса аст, ки хурду бузург омадани Наврӯзро бесаброна интизорӣ мекашанд, барои бошукӯҳ таҷлил намудани он омодагӣ мегиранд ва ин ҷашни фарҳангиву ойини мардумиро дар сатҳи баланд истиқбол карда, хушҳоливу хушнудӣ менамоянд.

Воқеан, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ яке аз маросимҳои писандидаи оламиён мебошад, ки бо сифатҳои башардӯстонааш аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шудааст ва бо хусусиятҳои писандидааш, ки некиву накӯкорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, шодмониву нишот ва саодату пирӯзиро талқин мекунад, машҳури олам гардидааст. Мардумон ҷиҳатҳои писандидаи Наврӯзро, ки беш аз шаш ҳазор сол таърих дошта, барои инсон ва зиндагии хушу хуррами инсоният хизмат мекунанд, бо илова намудани ойину рамзҳои нави ҳаётдӯстона ба рӯзҳои мо расонидаанд.

Дар ҳамоиш инчунин дигар нафарон баромад намуда, доир анъанаҳои наврӯзӣ маълумот доданд.Дар рафти ҳамоиш ҷавонон бо пуштибонӣ аз сиёсати Ҳукумати кишвар аз саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву хуррамгардонӣ, беҳтарнамоии ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ва сазовор таҷлил намудани ҷашни бузурги миллӣ – 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуданд.

Лозим ба зикр аст, ки дар доираи фестивал сайёҳат ва боздиди ҷавонон аз Боғи устод Рӯдакӣ, Боғи Парчами давлатӣ, майдони Дӯстӣ, Қалъаи Ҳисор, қисми ҳарбии 0123-и Кушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ, тамошои намоиши театрии “Қурбониҳои ишқ” дар театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М.Қосимов ба роҳ монда шуда, бо иштироки ҷавонон баргузории маъракаи ниҳолшинонӣ ҳамчун нишони дастгирӣ аз иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба “шаҳри сабз” табдил додани пойтахти кишвар дар назар дошта шудааст. Фестивали дӯстии ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои Наврӯзӣ” то 19 марти соли 2021 идома меёбад.

Илова кунед