ИҶЛОСИЯИ ПАНҶУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ШАШУМ
17 Марти 2021, Чоршанбе
ш.Душанбе. 17.03.2021. Имрӯз дар пойтахти мамлакат иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум доир гардид.
Иҷлосия мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе даъват карда шуда, таҳти роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сурат гирифт.
Пас аз интихоби котибот, ҳайати таҳрирӣ ва тартиби кори иҷлосия, вакилон рӯзномаи кори онро тасдиқ намуданд, ки ба он масъалаҳо «Дар бораи вазъи иҷрои нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Барномаи давлатӣ дар соҳаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025», «Дар бораи вазъи истифодаи моликияти коммуналӣ ва иҷрои консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2025», «Дар бораи қабул ва эътироф намудани молу амволи коммуналии шаҳри Душанбе вобаста ба тағйир ёфтани сарҳади маъмурии шаҳри Душанбе», «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии рақами 62», «Дар бораи таъин намудани интихобот дар ҳавзаи интихоботии рақами 62» ва таъсис додани комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, инчунин тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ворид гардид.
Дар оғози кори иҷлосия вакилон вазъи иҷрои нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва барномаи давлатӣ дар соҳаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2020-2025 баррасӣ намуданд.
Пас аз муҳокимаи ҳамаҷониба иҷлосия қарор кард, ки дар ҳамкорӣ бо мутахассисон қарори Раиси шаҳри Душанбе ва нақшаи чорабиниҳои онро вобаста ба “Барномаи саноатикунонии босуръати кишвар барои солҳои 2020-2025” дар кӯтоҳтарин муҳлат таҳия намуда, ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноаткунонии босуръати кишвар, бобати бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва бо ин васила зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ ва солимгардонии онҳо, бахусус корхонаҳое, ки қаблан хусусӣ гардонидашуда, вале аз фаъолият бозмондаанд, инчунин бобати зиёд намудани иқтидори истеҳсолии онҳо чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Дар ин робита Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи масъулини соҳаро баҳри ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ ва ба кори доимӣ ҷалб намудани занону духтарони хонашин, ҷиҳати тақвияти рушди содирот ва ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда, фароҳам овардани шароитҳо барои ташкили фаъолияти соҳибкории хурду миёна ва бо ин васила то охири сол зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ ва ба стандартҳои байналмилалии сифат мутобиқат намудани маҳсулотҳое, ки аз ҷониби корхонаҳои саноатии шаҳр истеҳсол мешаванд тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд. Ҳамчунин бо ҷалби сармоя ва соҳибкорони ватанӣ бобати ташкил намудани корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, хокаи ҷомашӯӣ ва собун, либоси мактабӣ, назорати воридот ва истеҳсоли обҳои ташнашикан, шиша, коркарди гиёҳҳои шифобахш, корхонаҳои ҳасиббарорӣ ва консерваҳои гӯштӣ ва бо мақсади баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти баландсифат ва рақобатпазир бо корхонаҳои саноатие, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро коҳиш додаанд, корбарӣ намоянд.
Раиси шаҳр муовинони соҳавиро вазифадор карданд, ки якҷо бо раисони ноҳияњо ва сохторҳои дахлдори шаҳрӣ бобати ба истифода додани корхонаҳои истеҳсолии минтақаи саноатӣ, воқеъ дар кӯчаи Зебуниссо 5 ва барқарор намудани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои дар ҳудуди ноҳияњо фаъолияткунанда чораандешӣ намоянд.
Раиси шаҳр таваҷҷуҳи масъулони соҳаро ба масъалаи баланд бардоштани суръати рушди соҳаҳои иқтисодиёт, сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва коҳишёбии сатҳи бекорӣ ҷалб намуда, талаб намуданд, ки истифодаи технологияи нав ва истеҳсоли молҳои рақобатпазирро дар корхонаҳо ба роҳ монда, афзоиши содироти ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ ва кам кардани воридоти ҳаҷми маҳсулоти беруниро таъмин намоянд.
Дар иҷлосия вазъи истифодаи моликияти коммуналӣ ва иҷрои консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2025 баррасӣ гардид, ки аз рӯи он ҳисоботи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода шунида шуд.
Дар ин робита ниҳодҳои марбутаи шаҳрдорӣ вазифадор шуданд, ки бо мақсади истифодаи самараноки моликияти коммуналӣ ва ба иҷора супоридани масоҳатҳои озоди моликияти коммуналӣ, пурра таъмин намудани ҷамъоварии маблағҳои амволҳои фурӯхташуда ва иҷораи объектҳои моликияти коммуналии шаҳр, таъмини бақайдгирии пурра ва дурусти амвол, инчунин ҷорӣ намудани тартиби ягонаи ҳисоби бино ва иншоотҳое, ки аз ҳисоби ҳудудҳои ноҳияи Рӯдакӣ ба шаҳри Душанбе ворид шудаанд, чораандешӣ намоянд ва барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии манзилию коммуналӣ, барқарорсозӣ ва азнавсозии инфраструктураи муҳандисии коммуналӣ, азнавтаҷҳизонии техникии корхонаҳои коммуналӣ, инчунин ҷиҳати солимгардонии иқтисодии корхонаҳои партовкашонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, таъсиси корхонаҳои коркарди партовҳои истеҳсолӣ, пурра ба системаи биллингӣ гузаштан ва бартараф намудани қарздориҳо, инчунин пурра фаро гирифтани муштариён бо шартномабандӣ чораҳои амалӣ андешанд. Ҳамчунин бобати иҷрои пурраи консепсия ва ташкили ширкатҳои соҳибмулкони манзил, ба ин васила нигоҳубини дурусти биноҳо, такмил додани сохтори соҳаи манзилию коммуналӣ, махсусан дар маҳаллаҳои аз ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ воридшаванда, коҳиш додани қарзҳои соҳа, таъмини тозагии манзилҳо, биноҳои истиқоматӣ ва ҷӯйборҳо, хурраму сабзгардонӣ инчунин вусъат бахшидани корҳои ободонию сабзкорӣ, шинонидани гулҳои мавсимӣ дастуру супоришҳо дода шуд.
Дар иҷлосия дар бораи қабул ва эътироф намудани молу амволи коммуналии шаҳри Душанбе вобаста ба тағйир ёфтани сарҳади маъмурии шаҳри Душанбе раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе Раҷабализода Маҳмадсафо ҳисобот дод.
Дар ин робита иљлосия қарор кард, ки молу амволи дар ҳудуди 7659,25 гектар қитъаи замини бо тартиби муқарраргардида ба ҳудуди шаҳри Душанбе ворид гардида, моликияти коммуналӣ эътироф ва қабул карда шуда, истифодаи самараноки он таъмин карда шавад.
Роҳбарони соҳаҳои дахлдор ва сохторҳои марбута уҳдадор шуданд, ки ҷиҳати бақайдгирӣ ва истифодаи самараноки моликияти коммуналӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, иншоотҳои иҷтимоӣ, таъминоти оби нушокӣ, барқ, алоқа, нақлиёт ва ғайра тадбирҳои зарурӣ андешида, зимни таҳияи буҷети шаҳри Душанбе барои солҳои минбаъда, маълумотҳои оморӣ ва ҳисоботҳои давлатӣ тағйироти марбутаро ба инобат гиранд.
Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ваколати вакил аз ҳавзаи интихоботии рақами 62, Зувайдзода Маҳмадсаидро, бинобар ба вазифаи Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданашон, қабл аз муҳлат қатъ кард. Бинобар ин, ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии рақами 62 санаи 16 майи соли 2021 интихобот муқаррар гардида, комиссияи шаҳрии интихобот таъсис дода шуд.
Раиси шаҳри Душанбе вобаста ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории чорабиниҳои сиёсӣ дар шаҳри Душанбе муовини якум, муовинони раис ва раисони ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки мунтазам дар тамоми шаҳраку маҳалла, корхонаву муассисаҳои давлативу ҷамъиятӣ шанбегиҳо ташкил намуда, ҷиҳати таъмини тозагиву ободӣ, сарсабзиву хуррамӣ, тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва сари вақт ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳори боварӣ карданд, ки сокинони сарбаланди шаҳри Душанбе ҷашни бузурги миллӣ, 30-солагии истиқлолияти давлатиро бо корҳои азими созандагиву бунёдкорӣ, нерӯи тоза ва азму иродаи қавӣ баҳри пешрафт ва ободии имрӯзу фардои пойтахти давлати соҳибистиқлоламон истиқбол мегиранд.
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар робита ба масъалаҳои кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ кард.
Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Вобаста ба фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ кулли сокинони пойтахтро табрику таҳният гуфта, иброз доштанд, ки иди Наврӯзи байналмилалӣ» барои мо тоҷикон ҷашни азизу муқаддас ба шумор рафта, ин ҷашн дар масири таърих бо фазилату суннатҳои некаш дар ҳаёти маънавӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳёи миллати куҳанбунёди тоҷик нақши бузург бозидааст. Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳори боварӣ намуданд, ки иди байналмилалии Наврӯзро аҳли сокинони пойтахт бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил намуда, корҳои хуррамгардонӣ, тозаю озода кардани маҳаллаю кӯчаҳои худро вусъат бахшида, наврӯзро сазовор пешвоз мегиранд. Дар љамъбасти кори иљлосия Раиси шаҳри Душанбе, вакилон ва кулли ҳозиринро бо иди байналмилалии Наврӯз табрик намуда, ба онҳо сарбаландӣ, хонаободӣ, саодатмандӣ, бурдборӣ ва ба Тоҷикистони азиз пешравию шукуфоиро таманно намуданд.
Бо ҳамин иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум кори худро анҷом дод.