ҶОМИ "ПОЙТАХТ-2021" ОИД БА ГӮШТИНИ МИЛЛӢ

20 Марти 2021, Шанбе

ш.Душанбе. 20.03.2021. Имрӯз бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 11 марти соли 2021, №148 оид ба баргузор намудани мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» ва мусобиқаи кушод оид ба пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти ҷоми «Пойтахт-2021» дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур қариб 130 варзишгар аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ба ҳам омада, дар вазнҳои гуногун қувваозмоӣ намуданд.
Гӯштини миллии тоҷикӣ ҳамчун анъана ба ҷашни Наврӯз шаҳомати хосса бахшида, ягона варзиш ё худ анъанае мебошад, ки мардум махсусан мардон ба хотири қувваозмоӣ дар фасли зебои баҳор гӯштин ва ҷашни
Наврӯзро интизорӣ мекашиданд. Аз ин бармеояд, ки гӯштин ва Наврӯз ба ҳам алоқамандии ногусастанӣ доранд, ки бо омадани фасли баҳору ҷашни Наврӯз мардум ба ҳам омада, истиқбол аз боҳору иди Наврӯз мекунанд ва доираи васеъи мардон ба гӯштингирию асптозӣ ва бузкашӣ мепардозанд. Мусобиқа тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи Федератсияи миллии «Гӯштингирӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар мусобиқа варзишгарон аз рӯи вазнҳои то 65кг, 75кг, 90кг ва +90кг қувваозмоӣ намуда, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Мусобиқаи ҷумҳуриявии гуштини миллӣ барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт-2021» санаи 21 март анҷом ёфта, ғолибон дар вазнҳои зикргардида аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо шоҳҷоизаҳо, 4 автомашинаи сабукрав, Ҷоми «Пойтахт-2021» ва туҳфаву ифтихорномаҳо мукофотонида мешаванд.
 
 

Илова кунед