ДАР ДУШАНБЕ III–ЮМИН ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «НАВРӮЗ – МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ САЙЁҲӢ» БАРГУЗОР ГАРДИД

21 Марти 2021, Якшанбе

ш.Душанбе. 21.03.2021. Имрӯз бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату кумитаҳои дахлдор дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе III –юмин Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид.
Дар фестивал намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, меҳмонон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои мустақил, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими кишвар ва васоити ахбори омма иштирок намуданд. Дар доираи фестивал ҳунарҳои мардумӣ, оинҳои наврӯзӣ, бозиҳои миллии варзишӣ, пухтани таомҳои наврӯзӣ, либоси миллӣ ва имкониятҳои хизматрасонии сайёҳӣ ба намоиш гузошта шуд. Сараввал меҳмонону иштирокчиён аз намоишгоҳи сайёҳию наврӯзӣ, ки аз ҷониби сокинони пойтахт омода шуда буд, дидан намуданд.
Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ меҳмонону иштирокчиёни фестивалро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия, Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон Ҷӯразода Тоҷиддин ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ба пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе хайрамақдам намуда, ҳамагонро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик карданд.
Фестивали мазкур соли сеюм аст, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шуда, мақсади он муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон ба сайёҳон мебошад.
Боиси фараҳмандист, ки фестивали байналмилалии имсола дар доираи татбиқи барномаи байнидавлатии “Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод” ва маҳз дар рӯзи баргузории маросими расмии ифтитоҳи эълон гардидани “Душанбе - пойтахти фарҳангии Иттиҳод - 2021” баргузор гардид.
Ҷашни Наврӯз бо хусусиятҳои хоси худ яке аз намунаҳои муҳими сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мероси бойи таърихию фарҳангии миллати тоҷик арзёбӣ мегардад.
Боиси сарбаландии мардуми мамлакат аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни қадимии Наврӯз, ки миллати тамаддунофари мо меросбари он аст, ҷаҳонӣ гардид.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ҷашни воқеан мардумиро чун дастоварди бузурги хиради башар пазируфтааст, зеро он воситаи пуртаъсире барои таҳкими сулҳу субот ва оромиву ободӣ дар дунёи муосир маҳсуб мегардад.
Дар фасли зебои баҳор, ки табиат эҳё мегардад, мавсими сайёҳӣ дар Тоҷикистон оғоз гашта, шумораи зиёди сайёҳон рағбати дидани ватани аҷдодии Наврӯз -Тоҷикистонро доранд.
Имрӯзҳо маҳз бо шарофати соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз дар сарзаминамон дар сатҳи баланд ва бошукӯҳ таҷлил мегардад. Наврӯз ҳамчун омили таҳкими ҳувияти миллӣ, бедор кардани ҳисси ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди мардум ва дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ шудани он баҳри боло бурдани имиҷи мамлакат ҳамчун кишвари дорои тамаддуни бойи қадима ва захираҳои бузурги сайёҳидошта мусоидат менамояд.
Баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони кишвар ва давлатҳои ба мо дӯсту бародар – Иттиҳоди давлатҳои Мустақил пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед