РАВАНДИ ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ БО СУРЪАТ ИДОМА ДОРАНД

30 Марти 2021, Сешанбе

 
ш.Душанбе 30.03.2021. Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 22 майи соли 2018, № АП-1059 доир ба рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон, қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 3 октябри соли 2019, №599 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2019-2021» ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур таҳия гардид. Вобаста ба ин ҷашни муборак, дар ноҳияи Шоҳмансур 778 чорабиниҳо роҳандозӣ карда шуданд. То ба имрӯз дар ноҳия 668 чорабиниҳо баргузор гардидаанд, ки 88,4 фоизи нақшаи умумиро дар бар мегирад. 30 марти соли 2021 тибқи нақшаи чорабиниҳо бо иштироки раиси ноҳияи Шоҳмансур Билол Иброҳим, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия кушодашавии шаш иншооти ҷашнӣ дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт баргузор гардиданд.
1. Сохтмони бинои истиқоматии бисёрсексиягии баландошёна бо марказҳои савдову хизматрасонӣ дар ошёнаҳои аввал аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элит-строй-сервис» дар кӯчаи Истаравшан -18 ба истифода дода шуд. Дар ин иншоот 35 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд гардид.
2. Сохтмони сехи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарв» дар кӯчаи С. Вализода - 2. Дар ин коргоҳ 15 ҷойи кории нав таъсис ёфт.
3. Сохтмони нуқтаи сӯзишворӣ ва шустӯшуи мошинаҳои боркаш аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Самт-2» дар кӯчаи С. Вализода 2. Дар ин нуқта 5 нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданд.
4. Сохтмони «Маркази савдо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ» аз тарафи шаҳрванд Саодат Каримова дар кӯчаи Қаротегин 1. Ин марказ 40 ҷойи кории нав муҳайё намудааст.
5. Сохтмони корхонаи истеҳсоли борҷома ва борчаспҳо таҳти унвони «Нашрияи босифат» аз тарафи шаҳрванд Давлаталӣ Сафаров дар кӯчаи Айнӣ 106/1. Ин коргоҳ 50 ҷойи кории нав таъсис намудааст.
6. Таҷдиди бинои таъиноти истеҳсолӣ - ҶДММ «Офсейт» дар кӯчаи Айнӣ - 126. Ташкили 10 ҷойи кории нав.
Сохтмони иншоотҳои мазкур дар асоси қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе амалӣ карда шудааст. Баъди ба истифода супоридани иншооти мазкур, дар маҷмуъ, зиёда аз 155 нафар сокинони шаҳр бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди тадбирҳои ободонӣ бо суръат идома дорад. Татбиқи ин гуна лоиҳаҳо метавонад дар самти иқтисодӣ ва рушди иҷтимоии шаҳр, инчунин расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат намояд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед