ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ
01 Апрели 2021, Панҷшанбе
01.04.2021 ш.Душанбе. Ҳамасола санаи 1 апрел дар саросари кишвар маросими даъвати баҳории ҷавонон оғоз мегардад, ки дар рӯзи аввали даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ “Рӯзи даъватшаванда” бо баргузории чорабиниҳои мухталифи тантанавӣ, фарҳангӣ–фароғатӣ ташкил ва баргузор карда мешаванд.
Дар робита ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2021, №141 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» маросими ботантанаи гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардид.
Ба ин мақсад, Қарори Раиси шаҳри Душанбе №173 аз 19 марти соли 2021 «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 ба хизмати ҳарбӣ» ба имзо расида, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе санаи 1 апрели соли равон дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев чорабинии тантанавӣ ва маъракаи гусели наваскарон аз шаҳри Душанбе ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат бо баргузории чорабиниҳои тантанавӣ ва фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид.
Маврид ба зикр аст, ки дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Комиссияи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ Гуреззода Умед, сардори Раёсати ташкилӣ ва сафарбарии ситоди генералии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Мусо, Раиси Кумитаи кор ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Холмурод, муовини Раиси Кумитаи марказии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Рустамов Баҳром иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ беш аз 900 нафар масъулин ва иштирокчиён аз ҷумла, роҳбарону масъулини сохторҳои соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш, фарҳанг, тандурустӣ, маориф, роҳбарони комиссариатҳои ҳарбии шаҳр ва ноҳияҳои он, ихтиёриёни ҷавон, ҷавонони синни даъватию то даъватӣ ва волидайни онҳо иштирок доштанд.
Дар маросим ба даъватшудагон, ки курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагиро омӯхтаанд, ҳуҷҷати хатми ронандагӣ тақдим гардида, сипас намоиши машқҳои ҳарбӣ-варзишӣ аз ҷониби афсарону сарбозони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуда, чун анъана маросими «Нонгазон» сурат гирифт.
Сипас, барномаи рангини фарҳангиву фароғатӣ ва намоиши театрӣ баҳри болидарӯҳии наваскарон аз ҷониби ҳунармандони Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд.
Қайд бояд кард, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам рушд додан ва фароҳам сохтани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста тадбирҳои мақсаднок андешида истодааст, ки бо дарназардошти таъмини шароити мусоид дар ҷузъу томҳои қувваҳои мусаллаҳи кишвар сол то сол сафи ихтиёриёни ҷавон ба хизмати ҳарбӣ афзуда истодааст. Инаст, ки дар рӯзи аввали даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз шаҳри Душанбе 510 нафар ҷавонон ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд.
Тавре дар Қарори Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ омадаст, комиссарҳои ҳарбӣ, раисони комиссияҳои даъвати шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он муваззаф гардидаанд, ки даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъйиноти махсус, бо дарназардошти хусусияти хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал, пуррагардонии онҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ амалӣ намоянд.
Ҳамчунин, тибқи қарори мазкур, раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, фарҳанг, кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе уҳдадор гардидаанд, ки миёни сокинон ва ҷавонони синни даъватӣ хизмати ҳарбиро ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд ташвиқу тарғиб намоянд.
Таъкид гардид, ки ҷавонони сарбаланди тоҷикро мебояд ба Ватан содиқона хизмат намуда, барои ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодиамон бо ҳушёрию далерӣ ва мардонагӣ омода бошанд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.