ИДОМАИ ВОХӮРИВУ МУЛОҚОТҲО

02 Апрели 2021, Ҷумъа

 
02.04.2021 ш.Душанбе. Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин бо гурӯҳҳои таблиғотӣ вохӯрӣ доир гардид. Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе М. М. Муинӣ, мудири шуъбаи иттилооти Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе - Ҷ. Олимов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе - Ф. Солеҳов, намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе - М. Гулов, директори МД «Телевизиони Душанбе» - С. Рауфзода, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе - Д. Ҷамшед иштирок карда, роҷеъ ба нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат ва дигар масъалаҳои муҳиму мубрами пойтахт суханронӣ намуданд.
Вохӯриро муовини Раиси шаҳри Душанбе М. М. Муинӣ оғоз бахшида, доир ба саҳми ҷавонон дар эъмори ҷомеаи навин, ҳифзи солимии инсон, пешгирии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, тарғиби арзишҳои миллию маънавӣ, одобу ахлоқи ҳамида, фарҳанги шаҳрнишинӣ ва масъалаҳои рӯзмарраи ҷомеа изҳори андеша намуданд.
Ҳамзамон мудири шуъбаи иттилооти Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Ҷ. Олимов дар суханронии худ зикр намуд, ки “Фаъолияти пурмуҳтавову пурмаҳсули давлативу ҷамъиятии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оинаест, ки дар он мавқеи миллати тоҷикро бо ҳама шаҳомат ва шуҳраташ сарфаҳм рафта, ба ин восита қадаме ба сӯи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ниҳода, бо диди ибрат дурнамои кишварро муайян карда метавонем”.
Дар чорабинӣ аз бобати тарғиби ҳадафҳои арзишҳои миллию маънавӣ, одобу ахлоқи ҳамида, аҳамияти озмунҳои ҷумҳуриявӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ, ҳифзи солимии инсон, тарбияи ватандӯстӣ, иштироки ҳамагон дар корҳои созандагӣ, бунёдкорӣ, кабудизоркунию хуррамгардонӣ, маҳкум намудани зуҳуроти номатлуби бегонапарварӣ, ба гурӯҳҳои ифротӣ нагаравидани наврасону ҷавонон омодагиҳо ба ҷашни таърихии 30-солагии Истиќлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, андешаҳои муфид баён гардиданд.
Сипас ба як гурӯҳ донишҷӯён ва устодони донишгоҳи мазкур, ки дар чорабиниҳои пойтахт иштироки фаъол доштанд, ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тақдим гардид.
Имрӯзҳо вохӯриву суҳбатҳои гурӯҳҳои тарғиботӣ - идеологии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ташкилоту муассисаҳо ва шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт пайваста идома доранд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед