ИФТИТОҲИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

03 Апрели 2021, Шанбе

03.04.2021. ш.Душанбе. Дар доираи нақшачорабиниҳои тасдиқгардида ба муносибати омодагӣ ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 4 иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бо истифодаи иншооти мавриди назар шароити хизматрасонӣ ба сокинон дар бахшу соҳаҳои гуногун беҳтар гардидааст. Яке аз иншшоти нақшавӣ ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ин сохтмони бинои иловагии “Маркази ташхисии Нурафзо ” мебошад. Дар расми истифодадиҳии иншоот намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ва роҳбарияти марказ иштирок намуданд. Иншооти мазкур яке аз муассисаҳои тандурустӣ буда, бо сифати баланд омода гардидааст. Иншоот дар заминаи “Маркази ташхисии Нурафзо” бунёд ёфта, бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ ва насли наву муосир таъмин гардидааст. Қаблан дар ин марказ намудҳои гуногуни ташхис бо истифодаи дастгоҳҳои ҳозиразамон анҷом дода мешуд. Акнун бо бунёди бинои иловагӣ ва ворид намудани таҷҳизоти замонавӣ масъулини марказ нақша доранд, ки дар баробари ташхис табобатро низ ба роҳ монанд. Бо ин мақсад дар заминаи бинои иловагии бунёдшуда Маркази эндоҷарроҳӣ бо фарогирии 15 кати хоб дар навбати аввал ташкил шудааст. Бо ворид намудани дастгоҳҳои муосир ва омодасозии мутахассисони соҳа масъулини “Маркази ташхисии Нурафзо” тасими гирифтанд, ки ин навъи ҷарроҳиро, ки яке аз дасторвадҳои тибби имрӯза аст, ташкилу ба роҳ монанд. Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои охир дар заминаи ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ шумораи муассисаҳои тандурустии хусусӣ низ то рафт зиёд гардида, ба хизматрасонии ташхисию табобатӣ машғуланд, ки намунаи равшани он “Маркази ташхисии Нурафзо” мебошад. Тавре масъулин иттило доданд ҳам дар сохтмони иншоот ва дар воридоти датсгоҳхои тиббӣ бештар авлавият ба корхонаҳои пешрафтаи истеҳсолӣ дода шудааст.
Бунёди муассисаҳои хуроки умум, аз ҷумла ошхонаву тарабхонаҳо низ давоми солҳои охир дар шаҳри Душанбе дар заминаи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» амалӣ карда мешавад. Бо ин мақсад ва фароҳам намудани шароити зарурии хизматрасонӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт дар соҳили Кӯли ҷавонон, ки яке аз мавзеҳои зебоманзари пойтахт аст, аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ тарабхонаи замонавӣ бо номи “Фрегат” сохта шудааст. Бо мақсади рушду равнақи соҳибкорӣ, ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии давлатии соҳибкорони масъулиятшинос, фароҳам овардани шароит бобати ба вуҷуд овардани ангезаву ҳавасмандии соҳибкорон ба беҳтаргардонии сифати хизматрасонӣ дар корхонаи хӯроки умумӣ, ба вуҷуд овардани рақобатнокии бештар дар ин намуди бозори хизматрасонӣ, муаррифии фарҳангу арзишҳои миллии меҳмоннавозӣ, инкишофи ҳунарҳои пухтупазии милливу ғайримиллӣ аз ҷониби шаҳрдорӣ ба соҳибкорон пайваста имтиёзу дастгириҳо пешниҳод карда мешавад. Бо пуштибонӣ аз ин тадбирҳо соҳибкорон низ бо бунёди чунин тарабхонаҳо барои рушди соҳа ва таъмини химазтраосниҳои баландсифат саҳм мегузоранд. Тарабхонаи Фрегат низ маҳз дар ин замина ташкил шудааст. Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатии ноҳияи Сино бо шароити хизматрасонии тарабхона шинос шуда, ба иқдоми соҳибкорон баҳои баланд доданд. Иттилоъ дода шуд, ки айни замон 30 нафар сокини пойтахт бо ҷой кори доимӣ дар ин маркази химзатрасонӣ таъмин буда, он имкон дорад, дар як вақт то ба 500 нафар хизмат расонад. Тарабхона дар соҳили Кӯли ҷавонон бо намуди киштӣ сохта шуда, манзараи тамошоии он низ ҷолибу гуворо аст. Талоши муассисон ва кормандони масъули тарабхона ба он равона гардидааст, ки хизматрасониро боз ҳам беҳтар намуда, ба меҳмонони пойтахт, хосса сайёҳони дохиливу хориҷӣ фарҳанги волои меҳмондориву меҳмоннавозии тоҷиконро муаррифӣ намоянд.
Дар бахши саноат низ шумораи зиёди корхонаҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки аксарияти онҳо ба истифода дода шуданд. Сохта ва ба истифода додани 2 коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, аз қабили панелҳои ороишӣ барои намои берунаи бино, маҳсулотҳои оҳанин барои сохтмони биноҳои замонавӣ дар дохили корхона аз ҷумла иншооти нақша буд, ки аз ҷониби ҶДММ «Ремстрой-дормаш» амалӣ шудааст. Бо ворид намудани хатҳои нави истеҳсолӣ дар заминаи ин корхона истеҳсоли маҳсулоти гуногуни ороишӣ ва канструксияҳои оҳанӣ ба роҳ монда мешавад. Фаъолияти корхона аз рӯйи фармоиш ва талабот ба роҳ монда мешавад. Бо мақсади ободу зебо намудани ҳудуди корхона бинои маъмурии ҶДММ «Ремстрой-дормаш» низ навсозӣ шудааст.
Дар доиари эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт сохта ба истифода додани марказҳои хизматрасонӣ низ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин замина сохтмони бинои ҳаммом ва маркази хизматрасонӣ (сартарошхона, кошонаи ҳусн ва маркази савдо) дар заминаи хонаи истиқоматии шахсӣ воқеъ дар маҳ. Пахтакори н.Сино амалӣ шудааст. Иншооти мавриди назар аз ҷониби соҳибкор Аббос Абдукаримов бунёд шудааст. Иншооти асосии ин маҷмааи хизматрасонӣ ҳаммом мебошад. Мавриди зикр аст, ки дар ин маҳалла сокинон аз надоштани чунин иншооти хизматраонӣ танқисӣ мекшиданд. Ба ин хотир соҳибкор дар доираи иқдомоти созандаи роҳбарияти шаҳри Душанбе тасмим гирифт, ки иншоотро бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад. Айни замон дар Маркази хизматрасонӣ 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Дар сурати бо иқтидори пурра фаъолият намудани дигар қисматҳои марказ наздик ба 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд. Намуди зоҳирии иншоот низ бо тарҳи зебо ва мунаққаш сохта шуда, ба ҳусни ин мавзеи шаҳр зебоии хоса зам намудааст. Маҷмуан иншооти баистифодадодашуда имкон фароҳам намуд, ки ҷойҳои зиёди корӣ ташкил шуда, сокинон бо ҷойи кор таъмин ва сатҳу сифати хизматрасонӣ беҳтар гардад.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед