ИФТИТОҲИ ДӮКОНИ ГӮШТ ВА ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ ГӮШТӢ

06 Апрели 2021, Сешанбе

06.04.2021. ш.Душанбе. Дар доираи тадбирандешиҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бобати таъмини аҳолии пойтахти мамлакат бо маҳсулоти ниёзи аввалия ва танзими нарху навои бозорҳо, дар ҳудуди ноҳияи Сино дӯкони гӯшт ва фурӯши маҳсулоти гӯштӣ ба истифода дода шуд. Иншооти мазкур бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, имкон медиҳад, ки маҳсулот то ба дасти харидор расидан, бо сифати хуб нигоҳдорӣ шавад. 6-уми апрели соли 2021, дар ҳошияи тадбирҳои бунёдкорони Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, дар ҳудуди маҳаллаи 91-уми пойтахт, боз як иншооти наву замонавӣ-Мағозаи фурӯши гӯшт ба истифода дода шуд. Дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншоот намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино иштирок доштанд ва бо шароиту имконоти фароҳамгардида дар инҷо шинос шуданд. Дукони гӯшт дар маҳаллаи 91-уми пойтахт, аз ҷумлаи иншооти ҳамсони бунёдшаванда дар ҳудуди шаҳри Душанбе мебошад, ки бо мақсади таъмини фаровонии гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ дар пойтахт ба нақша гирифта шудаанд. Иншоот аз тарафи соҳибкори ватанӣ Хусрав Алиматов бунёд гардида, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гиритфани он ҳоло 13 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд. Дар дӯкони навбунёди фурӯши гӯшт шароити зарурӣ, аз қабили воридоту насби яхдонҳои босифат анҷом шудааст, ки имкон медиҳад гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ бо риояи қоидаҳои дурусти санитарӣ нигоҳдорӣ шавад ва маҳсулоти босифат ба муштариён пешкаш гардад. Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар иншоот ва сӯҳбат бо соҳибкорон онҳоро ба риояи қоидаҳои санитарӣ дар фаъолияти кориашон даъват карданд, то инки маҳсулоти аз ҷиҳати санитарӣ тоза дастраси сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе гардад. Тавре ба мушоҳида расид, аз тарафи соҳибкор ба масъалаи ободонӣ ва сабзу хуррамгардонии атрофи дӯкон ҳам таваҷҷуҳӣ зарурӣ равона гардидааст, ки оянда муҳити тозаи экологиро дар ин мавзеъ фароҳам месозад. Дар ин рӯз намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз иншооти дигари аз тарафи соҳибкор бунёдгардида, дар маҳаллаи 33-юми ҳамин ноҳия низ дидан карданд. Муоширати хуб бо муштариён, риояи маърифати баланди шаҳрнишинӣ ва тадбирҳои санитарию беҳдоштӣ аснои фаъолияти корӣ аз мавзӯъҳои мавриди баррасии намояндагони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино бо соҳибкорони ин маркази савдо буд.

 

Илова кунед