"ТАВСЕАИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲӢ - ОМИЛИ РУШДИ УСТУВОР”: ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

09 Апрели 2021, Ҷумъа

 
ш.Душанбе. 09.04.2021. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе ва ҷалби ҳарчӣ бештари сайёҳон ба пойтахти кишвар таҳти унвони "Тавсеаи имкониятҳои сайёҳӣ-омили рушди устувор” ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Дар кори он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону мутахассисони соҳа, коршиносон, намояндагони ширкатҳои сайёҳиву хизматрасонӣ, донишҷӯёну устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Дар оғози кори ҳамоиш иштирокчиёни он бо экспонатҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки таҷассумкунадаи таърихи пурғановати кишвар ва мавзеъҳои дилфиребу ҷолиби сайёҳии он мебошад, шинос шуданд
Кори Ҳамоишро муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, Паёми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба иштирокчиёни ҳамоиш расонданд.
Тавре таъкид гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Сайёҳиро яке аз соҳаҳои муҳимми бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ маънидод намудаанд.
Бо роҳнамоии Сарвари давлат таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи сайёҳӣ афзалият пайдо намуда, ташаббусҳои бунёдӣ гузошта шуд.
Бо ин мақсад дар кишвар соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва солҳои 2019–2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид.
Дар ҳошияи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тавсеаи сайёҳӣ дар пойтахт бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иқдомҳои назаррас роҳандозӣ гардиданд, ки дар рушди соҳа заминаи созгор фароҳам овардааст.
Баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии таъриху фарҳанг ва имкониятҳои ғании шаҳри Душанбе ба рушди ҷанбаъҳои гуногуни соҳаи сайёҳӣ ва бунёду беҳсозии инфрасохтори муосири соҳа, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби занону ҷавонон ба касбомӯзӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ мусоидат менамояд
Дар назди ҳозирин Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯразода Тоҷиддин бо сухани шодбошӣ баромад намуда, имкониятҳои фаровони ҷумҳурӣ, бахусус пойтахти он-шаҳри Душанберо дар рушди соҳаи сайёҳӣ барои иштирокдорони ҳамоиш арзёбӣ намуданд.
Дар ҳамоиш Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматзода Маликшо дар мавзӯи “Рушди сайёҳӣ – омили муаррифии таъриху фарҳанги пурғановати миллат дар арсаи ҷаҳон”, номзади илмҳои сиёсӣ Ҳаким Абдуллои Раҳнамо дар мавзӯи “Рушди сайёҳӣ ва масъалаҳои таҳкими руҳияи ваҳдат ва ватандӯстии шаҳрвандон” ва дигарон бо маърӯзаҳои илмӣ баромад карданд.
Тавре баромадкунандагон қайд карданд, шаҳри Душанбе бо доштани имкониятҳои тавсеаёбандаи инфрасохтории соҳаи сайёҳӣ дар кишвар мавқеи намоёнро соҳиб гардидааст.
Тибқи маълумоти оморӣ ҳоло дар пойтахт фурудгоҳи байналмилалӣ, вокзали роҳи оҳан, вокзали нақлиётӣ, 37 меҳмонхона ва 57 тарабхона, 4 чойхонаи миллӣ, 32 маркази дилхушӣ, 25 бозор ва 91 маркази савдо, 26 мағозаи армуғонфурӯшӣ, 17 боғи фарҳангу фароғатӣ ва 1 боғи ҳайвонот, 14 гулгашт, 5 кӯли шиноварию истироҳатӣ, 204 кошонаи ҳусн ва 201 сартарошхона, 4 кохи фарҳангӣ ва 7 театри касбӣ, 10 осорхонаву 6 китобхона, 6 амфитеатр, 23 ёдгориҳои бостонӣ, монументалӣ ва меъморӣ, 109 ширкати сайёҳӣ, фаввораҳо дар 37 мавзеи пойтахт, 1 Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ, коххои “Наврӯз” “Борбад”, “Ваҳдат”, “Суруш”, 306 муассисаи табобатию профилактикӣ ҷойгир буда, ҳамарӯза ба садҳо меҳмонони дохиливу хориҷӣ аз рӯйи талаботи онҳо хизматрасонӣ менамоянд.
Яке аз баландтарин парчамҳо дар ҷаҳон бо баландии 165 метр, маҳз дар шаҳри Душанбе қомат афрохта, дар китоби рекордҳои Гиннес сабт гардидааст, ки яке аз мавзеъҳои истироҳативу сайёҳии сокинону меҳмонони пойтахт гардидааст.
Ҳамзамон дар пойтахт Кохи “Наврӯз”, ки аз намунаҳои олии санъати шаҳрсозии муосир буда, таҷассумгари сабки хоси меъмории миллӣ ба шумор меравад, ҷойгир шудааст. Нақшу нигор ва унсурҳои фарҳанги ороишии он таърихи беш аз 6000 солаи фарҳангу тамаддуни халқи тоҷикро инъикос мекунад ва он ҳамчун муъҷизаи муосири сайёҳӣ эътироф шудааст.
Имрӯз пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон -– шаҳри Душанбе аъзои Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (МАГ), Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо (МОГП), Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо (БДГП), Ташкилоти Умумиҷаҳонии Шаҳрҳои Муттаҳида ва Ҳокимиятҳои Маҳаллӣ (ВО ОГМВ), узви Федератсияи Умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) буда, айни замон бо 18 шаҳрҳои Осиё, Африқо, Аврупо, Амрико ва ИДМ муносибатҳои дӯстона ва бародарона барқарор намудааст. Ҳамзамон, бо шаҳрҳои Москваи Федератсияи Россия ва Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ҳамкорӣ менамояд.
Дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат ва таваҷҷуҳу талошҳои бевоситаи Раиси шаҳр дар самти сайёҳӣ аст, ки соли 2018 шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи Умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) шомил гардида, тибқи назарсанҷиҳои Агентии иттилоотии «Турстат»-и Федератсияи Россия шаҳри Душанбе ба даҳгонаи шаҳрҳои амнтарини кишварҳои аъзои ИДМ, шаҳри муносиб дар айёми баҳор барои сайёҳӣ ва ба даҳгонаи беҳтарин шаҳри сайёҳат ва сафари шабона арзёбӣ гардидааст.
Ҳамзамон аз 3 октбяри соли 2019 шаҳри Душанбе бо қарори Шӯрои вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ солҳои 2020-2021 ҳамчун пойтахти сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва аз 28 сентябри соли 2018 бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2021 ҳамчун пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон карда шудааст.
Албатта бо ибтикору дастгириҳои Пешвои муаззами миллат, роҳнамоиҳои Раиси шаҳр ва бо заҳмату саҳмгузории пайвастаи сокинони шарафманди пойтахт имрӯз Душанбе на танҳо маркази маъмуриву сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии мамлакат, балки ба шаҳри воқеии сайёҳиву фароғат табдил ёфтааст.
Дар фарҷоми ҳамоиш миёни маърӯзачиён ва иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед