ОЗМУНИ "СОҲИБКОРИ БЕҲТАРИНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР СОЛИ 2020" ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

09 Апрели 2021, Ҷумъа

 
ш.Душанбе. 09.04.2021. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо баргузории як ҳамоиши тантанавӣ аз озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2020» натиҷагирӣ карда шуд ва беҳтарин соҳибкорон, ки дар рушди соҳа ва ғанӣ гардонидани буҷети пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе саҳми назаррас гузоштаанд, қадрдонӣ гардиданд.
Соҳибкорӣ муҳаррики иқтисодиёт ва соҳибкорон нерӯбахши ин муҳаррик ҳастанд. Ин аст, ки дар кишвар барои рушд бахшидани фаъолияти соҳибкорӣ тадбирҳои судманд амалӣ карда мешавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ ба рушди фаъолияти соҳибкорию дастгирии давлатии соҳибкорон таваҷҷуҳи зарурӣ равона менамояд. Ба имзо расидани Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 7-уми апрели соли 2021 дар бораи ҷамъбасти озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2020» бо дарназардошти саҳми арзандаи соҳибкорӣ дар ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва буҷети шаҳри Душанбе, баланд бардоштани манзалат ва нуфузи соҳибкорон дар ҷомеа, таблиғи дастовардҳои бунёдкоронаю созандаи онҳо, дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасмандгардонӣ бо мақсади рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе, муҳайё намудани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорони ватанӣ ва бо ин роҳ қадрдонӣ кардани беҳтарин соҳибкорон гувоҳи барҷастаи ҳамкории зичи мақомот бо соҳибкорони ватанӣ мебошад. Маросими ҷамъбасти озмун ва қадрдонии ғолибон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар Меҳмонхонаи Ҳаят Реҷенсии пойтахт бо ширкати доираҳои соҳибкории пойтахт ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Чорабниро муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода бо суханони ифтитоҳӣ оғоз бахшида, ба соҳибкороне, ки дар рушду пешрафти шаҳри Душанбе, таъсиси ҷойҳои корӣ ва ғанӣ гардонидани буҷаи шаҳр саҳми назаррас мегузоранд, арзи сипоси роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо расонид.
Озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2020» аз рӯйи 18 номинатсия доир гардида, ғолибон бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ, барандаи унвони «Пешсафи соҳибкорони беҳтарини шаҳри Душанбе» бо «Ҷоми фахрии Ғолиб», дигар довталабон ва иштирокчиёни озмуни шаҳрӣ бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамин тариқ Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Комбинати Шири Душанбе» ғолиби мутлақи озмун ва пешсафи соҳибкорони беҳтарини шаҳри Душанбе эътироф гардида, бо Ҷоми фахрии ғолиб қадрдонӣ карда шуд.
Дар идома дигар ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун ҳам дар фазои тантанавӣ диплому сипоснома ва тӯҳфаҳои омодакардаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо соҳиб шуданд. Аз ҷумла, ҶСП «Комбинати шири Душанбе» аз рӯйи номинатсияи «Истеҳсоли молҳои истеъмолии халқ», ҶДММ «Авесто Гурӯҳ»-корхонаи истеҳсолии Сиёма-аз рӯйи номинатсияи «Истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук», ҶДММ «Ноқили Талко»-аз рӯйи номинатсияи «Истеҳсоли маҳсулоти истифодаи саноат», ҶСК «Авицена»-аз рӯйи номинатсияи «Сохтмон, тармим ва таъмир», ҶСП «Заводи асвалту бетон»-аз рӯйи номинатсияи «Истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва конструксияҳо», ҶСК «Селтехпроект»-аз рӯйи номинатсияи «Меъморӣ ва дизайн», ҶДММ «Асрори санг»-аз рӯйи номинатсияи «Косибӣ ва ҳунарҳои халқӣ», ҶДММ «Мерве» аз рӯйи номинатсияи «Хӯроки умум», ҶДММ «Реал-рейдинг»-аз рӯйи номинатсияи «Савдо», ҶДММ «Ред Лайн»-аз рӯйи номинатсияи «Хизмати маишӣ», ҶДММ «Фавз»-аз рӯйи номинатсияи «Хоҷагидории шаҳрӣ, хизматрасонии манзилию коммуналӣ ва экология», ҶДММ «Тиб барои Шумо»-аз рӯйи номинатсияи «Истеҳсоли доруворӣ, маҳсулот ва таҷҳизоти тиббӣ», ҶДММ «Маркази тиббии Шифо»-аз рӯйи номинатсияи «Хизматрасонии тиббӣ», ҶДММ «Интер-Фитнес»-аз рӯйи номинатсияи «Хизматрасонӣ дар соҳаи фарҳанг, варзиш ва туризм», ҶДММ «РСМ Тоҷикистон»-аз рӯйи номинатсияи «Хизматрасонӣ барои рушди соҳибкорӣ: таълим, маркетинг, аудит, консалтинг, пешбарии муҳосибот ва кӯмаки ҳуқуқӣ», ҶДММ «Кашфиёт Таҳлил Машварат»- аз рӯйи номинатсияи «Фаъолияти нашриётӣ, хизматрасонии полиграфӣ, дизайн ва реклама», ҶДММ «ТТ Мобайл»-аз рӯйи номинатсияи «Технологияҳои телекоммуникатсионӣ», ҶДММ Ширкати Телевизион ва радиоии «Азия Плюс»-аз рӯйи номинатсияи «Технологияҳои ахборотӣ» ғолиб дониста шуда, бо ҷоми ғолиб ва Димполми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардиданд.
Дар ҷамъомад ҳамзамон ба соҳибкорон ва кормандоне, ки барои ташкил намудани чорабнии мазкур ва иштироки фаъолона дар озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2020» саҳмгузории намуда буданд, сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тақдим гардид.
Бо ҳамин тартиб ҶДММ «Фабрикаи шири Саодат»-аз рӯйи номинатсияи «Истеҳсоли молҳои истеъмоли халқ», ҶДММ «Нурабис»- аз рӯйи номинатсияи «Истеҳсоли молҳои истеъмоли халқ», ҶСП «Лаззат»-аз рӯйи номинатсияи «Истеҳсоли молҳои истеъмоли халқ», ҶДММ «555 МПК»- аз рӯйи номинатсияи «Истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук», ҶДММ «Тоҷик Мебел»-аз рӯйи номинатсияи «Истеҳсоли маҳсулоти истифодаи саноат», ҶДММ «Декор Инвест»-аз рӯйи номинатсияи «Сохтмон, тармим ва таъмир», ҶДММ «Шерматова Н.Г»-аз рӯйи номинатсияи «Истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва конструксияҳо», ҶДММ «Иқбол-2017»-аз рӯйи номинатсияи «Меъморӣ ва дизайн», ҶДММ «Рухом»-аз рӯйи номинатсияи «Косибӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ҶДММ «Газпром Нефт Тоҷикистон»- аз рӯйи номинатсияи «Савдо», ҶДММ «Ёвар»-аз рӯйи номинатсияи «Савдо», ҶДММ «Континент Инвест»-аз рӯйи номинатсияи «Савдо», ҶДММ «Шивер Тоҷикистон»-аз рӯйи номинатсияи «Савдо», ҶДММ «Самира Сервис»-аз рӯйи номинатсияи «Истеҳсоли доруворӣ, маҳсулот ва таҷҳизоти тиббӣ», ҶДММ «Шоҳёр»-аз рӯйи номинатсияи «Хизматрасонии тиббӣ», ҶДММ «Маркази тиббии Аҳрориён»-аз рӯйи номинатсияи «Хизматарсонии тиббӣ», ҶДММ «Маркази сайёҳӣ ва солимгардонӣ»-аз рӯйи номинатсияи «Хизматарсонӣ дар соҳаи фарҳанг, варзиш ва туризм», ҶДММ «Душанбе Принт»-аз рӯйи номинатсияи «Фаъолияти нашриётӣ, хизматрасонии полиграфӣ, дизайн ва реклама» ва Қодиров Ҷовидон Қодирович-муовини сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе соҳиби сопоснома гаштанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, тамоми ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2020»-ро барои соҳиб гардидан ба диплому ҷоиза ва сипосномаҳо сидқан шодбош гуфта, изҳори умедворӣ намуданд, ки қадрдонӣ шуданашон аз тарафи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ онҳоро дар пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои бештари корӣ боз ҳам ҳавасманд менамояд. Дар чорабинӣ ба хотири таъмини фарогари иштирокчиён ва болидахотирии онҳо барномаи фарҳангии омоданамудаи Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе, ки аз дастагули суруду таронаҳои ҷолиб дар иҷрои ҳунармандони муассисаҳои фарҳангии зертобеи раёсат иборат буд, пешкаш гардид. Қобили тазаккур аст, ки имрӯзҳо рушди соҳибкории миллӣ дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Такмили низоми иҷозатномадиҳӣ, эълони мораторияи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба соҳибкорон исботи дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ дар мамлакат маҳсуб меёбад. Ин аст, ки бахусус солҳои охир соҳибкории миллии мо рушд карда, дар истеҳсоли маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ғанӣ гардидани буҷети давлатӣ нақши бузург гузоштааст.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед