Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №204 АЗ 09.04.2021

09 Апрели 2021, Ҷумъа

Дар бораи баргузор намудани даври шаҳрии фестивали  ҳунарҳои  мардумӣ  таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад»  

Бо мақсади иҷрои банди 4 ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020, №АП-1332 тасдиқ гардидааст ва иҷрои банди 4 ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2019-2021 бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 2 феврали соли 2021, №50 тасдиқ гардидааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

  1. Ҳайати Кумитаи тадорукот оид ба баргузории даври шаҳрӣ барои муайян намудани ғолиби фестивали мазкур ва нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории фестивали мазкур тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шавад.
  2. Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе,  роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор намудани фестивали ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» тадбирҳои дахлдорро амалӣ намоянд.
  3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе маблағи 9970 (нуҳ ҳазору нуҳсаду ҳафтод) сомониро тибқи замимаи 3 ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд.
  4. Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пардохти саривақтии маблағи ҷудошударо тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намояд.
  5.  Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рўзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории озмуни мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монанд.
  6. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
  7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 РУСТАМИ  ЭМОМАЛӢ

 

Илова кунед