Тоҷикӣ

ҶАРАЁНИ МУЛОҚОТУ ВОХӮРИҲОИ СУДМАНД ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

13 Апрели 2021, Сешанбе

13.04.2021. ш. Душанбе. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мулоқоти гурӯҳи таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо устодону шогирдони ин муассисаи олии кишвар баргузор гардид.
Вохӯриро бо суханони ифтитоҳӣ муовини аввали ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон С. Саидов ҳусни оғоз бахшида, доир ба мақсаду маром ва ҳадафи суҳбату вохӯриҳои гурӯҳи таблиғотӣ ибрози назар кард.
Дар мулоқот муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Ш. Раҳимзода, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Д. Ҷамшед иштирок доштанд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ сароғоз ҳамагонро бо фаро расидани моҳи шарифи Рамазон табрику муборакбод гуфта, роҷеъ ба масъалаҳои муҳими ҳаёти рӯзмарра, ободониву сабзгардонӣ дар чаҳор навоҳии пойтахт, масъулиятшиносӣ дар таълиму тарбияи фарзанд, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, тарғиби ҳадафҳои арзишҳои миллию маънавӣ, одобу ахлоқи ҳамида, фарҳанги шаҳрнишинӣ, ҳифзи солимии инсон ва дигар масъалаҳои марбут ба пешрафти ҷомеа андешаронӣ намуд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки халқи кишвар дар арафаи таҷлили 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва баргузории Рӯзи пойтахт, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил карда мешавад, қарор дорад. “Таҷлили имсолаи Рӯзи пойтахт ба 17 апрел рост меояд. Аз ин рӯ, мо - сокинони пойтахти азизро чун ҷузъи ҷудонопазири халқи шарафманди тоҷик зарур аст, ки ин санаҳои муҳимро бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва оромиву осудагии кишвар пешвоз бигирем”, гуфта шуд дар мулоқот.
Имрӯз мамлакати мо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пойтахти муаззами он - шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаааст.
Бунёди биноҳои муҳташам ва муассисаҳои зиёди таълимӣ, таъсиси корхонаҳои зиёди саноатӣ, роҳу ҷодаҳои ҷавобгӯй ба меёрҳои байналхалқӣ ва дигар дастовардҳои солҳои охир дар мамлакат ин ҳама шаҳодати пешравиҳост.
Мулоқоти гуруҳи таблиғотӣ, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо дар бораи таҳким бахшидани робита бо аҳли ҷомеа доир ба ҳифзу тарғиби дастовардҳо ва арзишҳои сӣ соли Истиқлолияти давлатӣ сурат гирифт, бо сулу ҷавоб ва андешарониҳои судманд ба охир расид.
Чорабиниҳои гурӯҳи тарғиботӣ - идеологии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ташкилоту муассисаҳо ва шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт идома доранд.
 
 

Илова кунед