Тоҷикӣ

ИДОМАИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ ДАР ПОЙТАХТ

13 Апрели 2021, Сешанбе

13.04.2021. ш. Душанбе. Имрӯз бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ авҷу суръати корҳои сохтмонӣ ва ободкорӣ дар 4 ноҳияи пойтахт таъмин гардида, иншооти таъиноти гуногун бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд. Дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва 30 солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт сохта ба истифода додани марказҳои хизматрасонӣ низ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин замина сохтмони маркази хизматрасонӣ дар кӯчаи Маяковскийи ноҳияи Сино амалӣ шудааст. Дар расми ифтитоҳи Маркази хизматрасонӣ ва савдои Аминҷон муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Қурбонзода Амирхон, соҳибкорон ва намояндагони масъули сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ ширкат намуданд. Ин маркази хизматрасонӣ бо тарҳи муосир бунёд гардида, он аз сартарошхона, кошонаи ҳусн, маркази савдо ва коргоҳи дӯзандагӣ иборат мебошад. Бинои марказ аз таҳхона ва 3 ошёна иборат буда, бо истифодаи масолеҳи босифати сохтмонӣ ва тарҳи хос бунёд шудааст. Дар ошёнаи якуми бино маркази савдо ташкил шуда, ошёнаи дуюм аз сартарошхона ва кошонаи ҳусн иборат мебошад, ки дар он шароити зарурии хизматрасонӣ барои муштариён фароҳам мебошад. Зимни суҳбат соҳибкорон бунёди чунин иншоотро ба дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорон аз ҷониби давлат арзёбӣ намуданд. Айни замон дар Маркази хизматрасонӣ 25 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Дар оянда масъулини Маркази хизматрасонии Аминҷон тасмим доранд, ки бо зиёд намудани фаъолияти дигар бахшҳои марказ шумораи ҷойҳои кориро бештар намоянд. Намуди зоҳирии иншоот низ бо тарҳи зебо ва мунаққаш сохта шуда, ба ҳусни ин мавзеи шаҳр зебогии хоса замъ намудааст. Бо пайгирӣ аз ташаббусҳои созандагиву бунёдкоронаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе соҳибкори маҳаллӣ Муҳаммадисо Аҳмадов саҳну атрофи муассисаро бо шинонидани дарахтони ороишӣ ва кишти алафҳои чаманӣ сарсабзу хуррам намуда, ба як гулгашти зебо табдил доддааст. Илова бар ин роҳи канори маркази хизматрасонӣ, ки кӯчаи Маяковскийро ба дохили шаҳраки 33 мепайвандад, мумфарш гардидааст. Ин ҳама ободкорӣ ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шудааст. Анҷоми чунин ташаббусҳои неку созанда барои боз ҳам ободу зебо гардидани гӯшаву канори шаҳри Душанбе мусоидати фаъол менамояд.

Илова кунед