ҒОЛИБОНИ "ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ" БАХШИДА БА РӮЗИ ПОЙТАХТ МУАЙЯН ГАРДИДАНД.

14 Апрели 2021, Чоршанбе

ш. Душанбе, 14.04.2021. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи кушодаи футболи хурд барои дарёфти "Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе" бахшида ба Рӯзи пойтахт, ки беш аз як моҳ дар майдончаҳои варзишии Варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ идома дошт, ҷамъбаст гардид.
Дар мусобиқаи имсола зиёда аз 80 даста, аз вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳои пойтахт фаъолона иштирок карданд. Теъдоди иштирокдорон ба дараҷаи рекордӣ нисбат ба соли гузашта 20 даста зиёд буд. Дастаҳо ба ду қисми синнусолии то 34-сола (ҷавонон) ва аз 34-сола боло (калонсолон) ҷудо карда шуда, дар 8 гурӯҳ барои ҷойҳои ифтихорӣ ва дарёфти ҷоизаи асосӣ талош варзиданд.
Дар байни футболбозони калонсол дастаҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати корҳои хориҷии кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баъди мағлуб сохтани чандин дастаҳо ба даври асосӣ роҳ ёфтанд.
Мухлисони сершумор аз ҳунарнамоии дастаҳои АНДММК ҶТ ва ВКД ҶТ дар вохӯрии финалӣ ба ваҷд омада, ҳаловат бурданд. Ҳисобро дар қисми якуми бозӣ нахустин шуда футболбозони АНДММК ҶТ кушоданд. То анҷоми қисми авали бозӣ онҳо бо ҳисоби 2:1 пешсафиро касб намуданд. Футболбозони ВКД дар қисми дуюм бисёр талош варзиданд, ки аққалан ҳисобро баробар намоянд, аммо ҳарифонашон ҳуҷумҳои пай дар пайи онҳоро моҳирона бартараф сохта, дарвозаи худро аз голи эҳтимолӣ эмин нигоҳ доштанд. Илова бар ин, муборизони зидди коррупсия дар ду ҳамлаи ҷавобӣ ба дарвозаи ҳомиёни тартибот ду голи беҷавоби дигар зада, пирӯзии худро бо ҳисоби калони 4:1 таъмин карданд ва беҳтарини мусобиқа будани худро исбот намуданд.
Рақобати дастаи футболбозони МИҲД шаҳри Душанбе бо дастаи ВКХ ҶТ барои ишғол кардани ҷойи сеюми ифтихории мусобиқа низ хеле мароқовар сурат гирифт. Душанбегиҳо бар ҳарифон бартарии зиёд нишон дода, онҳоро бо ҳисоби калони 8:2 шикаст дода, ба мақсад расиданд.
Қабл аз ҷамъбасти мусобиқаи мазкур вохӯриҳои даври ниҳоӣ байни дастаҳои футболбозони ҷавон хеле хотирнишин ҷараён гирифт. Тақдири ҷоизаи асосии мусобиқаро дар даври финалӣ дастаҳои «Рахш-такси» ва «Вавилон-мобайл» ҳал карданд. Ронандагони такси беҳтару хубтар маҳорати техникӣ зоҳир намуда, ҳарифони худро бо ҳисоби 4:1мағлуб намуданд ва арзандаи ҷоизаи асосӣ буданашонро собит сохтанд.
Дар рақобат барои ҷойи сеюм дастаи ҷавонони ВКДҶТ дастаи «Амонатбонк»- ро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.
Дар маросими ҷамъбастӣ, ки дар арафаи Рӯзи пойтахт баргузор гардид, муовини Раиси Душанбе Мавсума Муинӣ ғолибон ва тамоми иштирокчиёни мусобиқаро бо ҷашни солгарди Рӯзи пойтахт табрик намуда, хотиррасон шуд, ки ин чорабинии ҷолиби варзишӣ ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе "Дар бораи баргузор намудани мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд миёни кормандони вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти "Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе" бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе" баргузор карда шуд. Ҳадаф аз баргузории мусобиқа ташвиқ ва таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни сокинони шаҳр, рушди футбол ва сазовору хотирмон ҷашнгирии Рӯзи пойтахт мебошад. Мусобиқаи мазкур соли панҷум аст, ки доир мегардад ва сол то сол сафи иштирокчиёни он меафзояд.
Баъд лаҳзаҳои хеле хотирмон ва таърихии мусобиқаи идона сурат гирифт. Муовини Раиси Душанбе Мавсума Муинӣ дар вазъияти тантанавӣ "Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе"-ро бахшида ба Рӯзи пойтахти кишвар ба футболбозони АНДММК ҶТ ва «Рахш-такси» туҳфа кард. Инчунин, ғолибони ҷойҳои ифтихории мусобиқа бо мукофотҳои пулӣ ва сипосномаву ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардиданд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед