ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ СОҲАИ САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ПОЙТАХТ

23 Апрели 2021, Ҷумъа

 
ш.Душанбе. 23.04.2021. Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбеи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади васеъ оид ба шомил нашуданаи ҷавонон ба гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, мубориза алайҳи фарҳанги бегона, ҳамчунин гирифтани пеши роҳи гароншавию қимматшавии молу анво, маводи озуқа ва ашёву анҷоми рӯзгор ва дигар масоили мубрами рӯз, бо намояндагони соҳаи савдо ва хизматрасонӣ, роҳбарони бозорҳо ва тарабхонаҳои шаҳри Душанбе доир гардид.
Вохӯриро муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода бо суханони муқаддимавӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, роҷеъ ба масоили болозикр муфассал андешаронӣ намуданд.
Ҳамчунин, дар вохӯрӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Гуреззода Умед ва сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбеи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Назарзода Шариф Раҳмон ба сухан баромада, аз масоили мухталифи ҷорӣ ва доғи рӯз дар маҷлис мулоҳизаронӣ намуданд.
Аз ҷумла, дар вохӯрӣ зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳониён дониста, онро зери таваҷҷуҳи махсус қарор дода, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт чораҳои таъхирнопазир менадешад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки “Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад. Вале, терроризм ва ифротгароӣ пеш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст”. Новобаста аз он, ки халқи тоҷик дар даврони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оид ба хатарҳои мудҳиши терроризм ва экстремизм сабақи таърихӣ гирифта, ин амалҳои ноҷоро маҳкум менамояд, то ҳол масоили пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ пурра ҳалли худро наёфтааст ва ба ақидаи аксари муҳақиқон, ҳуқуқшиносон ва сиёсатшиносон экстремизм пештар аз ҳама ва бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор мегардад ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд. Махсусан экстремизми динӣ дар замони муосир байни пайравони дини ислом бештар ба назар мерасад, ки мубаллиғони он аз муқарраротҳои дини ислом сӯйистифода намуда, тибқи дастуру нақшаҳои хоҷагони худ, ки душманони ин дин ҳастанд, муттасил амал менамоянд. Набояд фаромӯш намуд, ки пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии кишвари мо маҳсуб ёфта, дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии мухталиф қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.
Ҳозирин ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои хусусияти террористӣ- экстремистӣ дошта, омӯхтан ва ошкор кардани решаҳо, сабабҳо, ангезаҳо, шароиту омилҳои содиршавии онҳо, напарастидани фарҳанги бегона, мубориза бар зидди тамоми унсурҳои бегона, гароншавии нарху наво, вазъи имрӯзаи нарху наво дар бозорҳои пойтахт, беинсофии тоифае аз савдогарону тоҷирон ва бисёр масъалаҳои ташвишовари кунунӣ иттилои ҷадид ва машварату маслиҳатҳои муфид гирифтанд. Чорабинӣ дар рӯхияи баланди ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед