ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДА АЗ ҶОНИБИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

24 Апрели 2021, Шанбе

ш. Душанбе. 24.04.2021. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» маросими бошукӯҳи ҳавасмандгардонии ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли Олимпиадаи якуми хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз фанни технология (таълими меҳнат) баргузор гардид. Олимпиадаи даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз фанни технология (таълими меҳнат) бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташкил гардида, баргузории он таҷрибаи нахустин на танҳо дар пойтахт, балки дар ҷумҳурӣ ва минтақа арзёбӣ мегардад. Маврид ба зикр аст, ки олимпиадаи мазкур баҳри дарёфт ва рушди зеҳниву эҷодии хонандагон, ҳавасмандгардонии фаъолияти мустақилонаи илмиву амалӣ ва таҳқиқотии онҳо дар доираи фанни технология (таълими меҳнат), фароҳам овардани шароит ҷиҳати тарбияи мутахассисони соҳаи истеҳсолот, омода гардидан ба зиндагии мустақилона, бедор намудани ҳисси зебоипарастӣ, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин замина мусоидат намудан дар касбинтихобкунонии насли наврас роҳандозӣ гардида, он аз 8 то 10 апрели соли ҷорӣ баргузор гардида буд. Дар маросими ҳавасмандгардонии ғолибони олимпиадаи мазкур роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорати маориф ва илм, сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва дигар намояндагони сохторҳои марбута ширкат намуда, нахуст аз дастоварду лоиҳаҳои эҷодии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дидан намуданд. Зимни суханронӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ қайд намуданд, ки барои баргузории олимпидаи мазкур ҳоло дар пойтахт тамоми шароитҳо муҳайё буда, дар муассисаҳои таълимӣ, бахсус дар муассисаҳои таълимии навбунёд синфҳонаҳои таълимӣ ва устохонаҳо бо таҷҳизоти лозимаи таълимии дуредгариву челонгарӣ ва ҳунармандиву ҳунаромӯзӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Дар идомаи чорабинӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли олимпиада ҷомҳои ғолиб, диплому сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тақдим карда шуд. Дар олимпиадаи мазкур дастаи хонандагони ноҳияи Шоҳмансур сазовори ҷойи аввал, ноҳияҳои Сино ва Исмоили Сомонӣ сазовори ҷойи дувум, ноҳияи Фирдавсӣ ва дастаи Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқат сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Дар рафти чорабинӣ омӯзгорон ва  хонандагоне, ки ба олимпиада лоиҳаҳои беҳтарини эҷодиро пешниҳод намуданд, ҳавасманд гардонида шуданд. Дар фарҷоми чорабинии мазкур барномаи фарҳангии омоданамудаи таълимгирандагони Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.

 

 

Илова кунед