ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ФЕСТИВАЛИ “САД РАНГИ ЧАКАН”

29 Апрели 2021, Панҷшанбе

29.04.2021. Имрӯз дар Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии “Аҳорун” бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар доираи эълон гардидани “Душанбе - пойтахти фарҳангии Иттиҳод - 2021” Фестивали “Сад ранги чакан” баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идораҳо, ниҳодҳои корпуси дипломатӣ, чеварону ҳунармандон ва фаъолон аз чор ноҳияи пойтахт иштирок намуданд. Қабл аз оғози фестивал иштирокчиён аз намоишгоҳи ҳунари чакандӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, попурдӯзӣ, ки аз ҷониби ҳунармандон ва косибони шаҳри Душанбе ташкил гардида буд, дидан намуданд. Сипас, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ чорабиниро ифтитоҳ намуда, мақсади асосии баргузории фестивалро баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, қадру манзалати либоси миллӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ, порадӯзӣ, инчунин муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ маънидод намуд. Боиси хурсандист, ки баъд аз ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил гардидани “Оши палав” ва “Наврӯз” ин навъи санъати гулдӯзии тоҷикӣ низ аз ҷониби Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид  ЮНЕСКО ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид карда шуд. Фестивали шаҳрӣ аз бахшҳои гуногун, аз ҷумла, намоиши либосҳои қадимаи чакан, намоиши либосҳои кӯдакона, намоиши либосҳои рӯзмарра, намоиши либосҳои маросимӣ ва идона, намоиши либосҳои расмӣ ва намоиши навъҳои гуногуни сӯзандӯзӣ иборат буда, аз ҷониби занону бонувон ва ҳунармандони пойтахт пешниҳод карда шуд. Санъати гулдӯзӣ дар асарҳои бостоншиносон, файласуфон, адибон, санъатшиносон ва кулли соҳаҳои илм инъикоси худро ёфтааст. Бозёфтҳои бостоншиносони минтақаҳои ориёинишин гувоҳӣ медиҳанд, ки мардуми тоҷик ва аҷдодони ӯ ба матоъҳои гуногун гулпартоӣ ва гулдӯзӣ менамуданд, ки он байни дигар халқиятҳои қадим маъруфу машҳур буд. Лозим ба зикр аст, ки давоми се соли охир фестивали мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар тамоми қаламрави кишвар доир гардида, баҳри дарёфт ва муаррифии ҳунармандон, чеварон ва тарроҳони соҳибкасб мусоидат менамояд. Дар фестивал барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо суруду тарона ва рақсҳои дилнишин дар иҷрои ҳунармандон, ки ҳар яке ифодагари санъату ҳунари волои тоҷикон ва нишонаи завқи баланди зебоипарастии миллати тоҷик буданд, пешкаши иштирокчиён гардонида шуд. Дар фароҷоми чорабинӣ ғолибони бахшҳои он ва иштирокчиёни фаъол бо диплому сипоснома ва туҳфаҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

 

 

Илова кунед