ВОХӮРИИ НАВБАТӢ БО УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР
04 Майи 2021, Сешанбе
ш. Душанбе. 04.05.2021. Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур мулоқоти гурӯҳи таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо устодону шогирдони ин муассисаи олии кишвар баргузор гардид. Вохӯриро бо суханони ифтитоҳӣ ректори Донишгоҳи давлатии аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Маҳмадёрзода У. М. ҳусни оғоз бахшида, роҷеъ ба мақсаду маром ва аҳдофи вохӯрии гурӯҳи таблиғотӣ андешаҳои хешро иброз намуданд.
Баъдан, риштаи сухан ба муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода дода шуд. Мавсума Муинзода дар суханронии хеш аз нуктаҳои дар Паёми Пешвои миллат ироагардида доир ба масъалаҳои муҳими ҳаёти рӯзмарра, ободониву сабзгардонӣ дар чаҳор навоҳии пойтахт, масъулиятшиносӣ дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии амалҳои исрофкорӣ, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, тарғиби ҳадафҳои арзишҳои миллию маънавӣ, одобу ахлоқи ҳамида, фарҳанги шаҳрнишинӣ, ҳифзи солимии инсон, рушду такомули кулли соҳоти пойтахт дар чанд соли охир, нақши Пешвои муаззами миллат ва Раиси шаҳри Душанбе дар ободонию тараққии мамлакат ва пойтахти он, инчунин дигар масъалаҳои марбут ба пешрафти ҷомеа суханронӣ намуданд.
Масъулин ва ҳайати гурӯҳи таблиғотӣ атрофи масъалаҳои муҳими рӯзмарраи ҷомеа ва ҳадафу моҳияти Паёми Президенти кишвар сухан ронда, аз ҷумла зикр карданд, ки Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ 30-юмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод гардид. Дар Паёми Пешвои миллат ҳамзамон хотирнишон карда шуд, ки бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ва соҳибкорони ватанӣ тибқи Фармони Президенти мамлакат аз 5 июни соли 2020 сабукиҳои зиёди андозиву қарзӣ ва имтиёзу ҷубронпулиҳо ба маблағи умумии беш аз 450 миллион сомонӣ пешниҳод карда шуданд. Илова бар ин, дар соли 2020 аз ҷониби ташкилотҳои қарзии кишвар ҷиҳати коҳиш додани таъсири пандемия ба зиёда аз 260 ҳазор нафар муштариён ба маблағи 2 миллиарду 300 миллион сомонӣ имтиёзҳои вобаста ба қарздорӣ пешниҳод гардида, ба соҳибкорони истеҳсолӣ 4 миллиард сомонӣ қарз дода шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019–ум ду фоиз зиёд мебошад.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ аз 1 сентябри соли 2020 нафақа, музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва стипендияҳо 15 фоиз, маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд гардида, нафақаи гурӯҳи маъюбоне, ки ба нигоҳубин ниёз доранд, 50 фоиз зиёд карда шуд. Бо мақсади ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худӣ майдони кишти асосӣ ва такрории зироатҳои кишоварзӣ дар масоҳати даҳҳо ҳазор гектар афзоиш дода шуд.
Зимни вохӯриву мулоқотҳо баробари матраҳи тамоми масоили мубрами ҷомеа инчунин, тамоми паҳлӯҳои Паём шарҳу тавзеҳ дода шуда, масъулину мутасаддиёни гурӯҳҳои таблиғотӣ аз иштирокчиёну сокинон даъват ба амал оварданд, ки дастуру супоришҳо ва маслиҳатҳои муфиди Сарвари давлатро сармашқи кору фаъолияти хеш қарор дода, дар пешрафти Тоҷикистони азиз, саҳмгузор бошанд.