Тоҷикӣ

КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИИ СОЛҲОИ 1941-1945

05 Майи 2021, Чоршанбе

 
ш. Душанбе. 05.05.2021. Бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони баруманди миллат дар роҳи ҳифзи Ватан дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, дар амал татбиқ мегарданд. Дар ҳошияи ин тадбирҳо гурӯҳи намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино дар солгарди наватии таҷлили ғалаба дар ҶБВ ба аёдати иштирокчиёни ин ҷабҳаи нангу номус рафтанд. Дар рафти аёдат ва ҳолпурсии иштирокчиёни ҶБВ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино бевосита аз шароити зисту зиндагӣ ва мушкилоти онҳо пурсон шуда, дар ҳошияи дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат ва Раиси шаҳри Душанбе баҳри ҳаллу фасли саривақтии дархосту пешниҳодҳояшон изҳори омодагӣ намуданд. Инчунин ба ҳар як иштирокчӣ ва маъюби ҶБВ солҳои 1941-1945 кумакҳои пулӣ, аз ҷумла ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 1500 сомонӣ аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва 750 сомонӣ аз номи Раиси ноҳияи Сино тақдим карда шуд. Ҳамин тариқ, аз ин тӯҳфаҳои пулӣ, дар умум 6 нафар иштирокчии ҶБВ дар ноҳияи Сино баҳраманд гаштанд. Дар ин зимн аз тарафи Шӯрои собиқадорони ноҳия низ ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ дастрас карда шуд. Аснои дастрас намудани тӯҳфаҳо ва аёдати иштирокчиёни ҶБВ солҳои 1941-1945 намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино аз онҳо муборизони роҳи озодӣ ном бурда, таъкид доштанд, ки хизматҳои ин фарзонафарзандони миллат ҳеҷ гоҳ фаромуш намешавад ва кору пайкори онҳо барои насли наврас барои ҳамешагӣ мактаби ҷасорату мардонагӣ боқӣ мемонад. Иштирокчиёни ҶБВ ҳам дар навбати худ ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дастгириву ғамхориҳо ва таваҷҷуҳи хосаву пайваста нисбат ба иштирокчиёну собиқадорони ҷангу меҳнат, ятимону бепарасторон бо самимияти беандоза ва эҳтироми хоса изҳори хушнудӣ ва миннатдорӣ намуда, баҳри ободию пешрафти бештари мамлакат ва дуои нек доданд.
Инчунин дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ғамхорӣ фаро гирифтани собиқадорони ҷангу меҳнат ин навбат ба муноситаи ҷашни 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ғамхориҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ кумаки пулии якдафаъина аз ҷониби раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Шоҳмансури пойтахт расонида шуд. Бояд зикр намуд, ки вобаста ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли ҷорӣ ба ҳар як иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба маблағи даҳ ҳазор сомонӣ аз ҷониби сарвари давлат, инчунин аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе ба маблағи 1500 сомонӣ ва аз ҷониби Раиси ноҳияи Фирдавсӣ ба маблағи 500 сомони расонида шуд. Кумаки молиро ба иштирокчиён намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ расониданд. Таҷлил аз иди Ғалаба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишона аз корнамоиву ҷоннисориҳои фарзандони ин сарзамин аст, ки дар ёди хотираҳо то ба ҳол нақш бастаанду эҳтирому саммияти мардуми кишвар нисбат ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 зиёд мебошад. Инак баъди 76 соли сипари гардидани ин ҷанг акнун дар шаҳри Душанбе наздики 16 нафар иштирокчӣ умр басар мебаранд ва ин нафарон пайваста таҳти ғамхории ҳукумати кишвар алалхусус Пешвои миллат қарор доранд. Ғамхориву дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нисбат ба шароити зисту зиндагии собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ пайваста эҳсос гардида, дар баробари нафақапулии ҳармоҳаи онҳо, имтиёзҳо ба монанди роҳхат ба осоишгоҳҳо, кумакҳои хайрхоҳона ва дигар намуди хизматрасониҳои иҷтимоӣ расонида мешаванд. Зимни суҳбат иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии мамлакатро нисбати собиқадорони ҷангу меҳнат махсус таъкид намуданд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед