Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум
ш. Душанбе. 15.07.2019. Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир гардид.
Дар кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе, муовини якум, муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбар ва муовини роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳр, муассисаву корхонаҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Иҷлосия мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе даъват карда шуда, таҳти роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сурат гирифт.
Пас аз интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва регламенти кори иҷлосия вакилон рӯзномаи кори онро тасдиқ намуданд, ки ба он 5 масъала, аз ҷумла, вазъи иҷрои барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон, ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 28 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, рушди соҳаи саноат, бахусус бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва дар ин замина баланд бардоштани иқтидори содиротии шаҳр ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, инчунин ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2019 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм ва тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ворид гардид.
Зимни таҳлилу баррасии масъалаи татбиқи барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи масъулин, вакилони халқ ва сохторҳои марбутаро ба иҷрои босифати барномаҳо ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти сиёсати давлатии ҷавонон, пешгирии амалҳои номатлуб байни ноболиғону ҷавонон, дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ ҷалб намуда, таъкид карданд, ки дар робита ба пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, тарғиби фарҳанги миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон фаъолиятро пурзӯр намуда, бо мақсади тақвияти ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва ихтиёран ҷалби онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти беморхонаҳо ва назорати истифодабарии дурусти майдончаҳои варзишии тозабунёд тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Дар робита ба ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз масъулини тамоми сохторҳои пойтахт талаб карда шуд, ки ҷиҳати татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе дар самти рушду пешрафти тамоми соҳаҳои шаҳрдорӣ, тақвияти ҳувияти миллӣ ва ободонии шаҳр, фароҳам овардани шароити мусоиди зисту зиндагӣ барои тамоми қишрҳои ҷомеа чораҷӯи карда, доир ба ҳамеша тозаву озода нигоҳ доштани шаҳр ва вусъати корҳои партовбарорӣ, тақвияти корҳои рангуборкунӣ ва ороиши намои биноҳои банақшагирифташуда, тавсеаи парвариши гулҳои ороишӣ ва дар ин робита мутобиқсозии парвариши гулҳои бисёрсола ва мавсимӣ ба иқлими кишвар ва боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар пойтахт вобаста ба талаботи муосири шаҳрдорӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд.
Иҷлосия ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанберо вобаста ба рушди соҳаи саноат, бахусус бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва дар ин замина баланд бардоштани иқтидори содиротии шаҳр ва ташкили ҷойҳои нави корӣ шунида, қарори дахлдор ба тасвиб расонд.
Дар ҷараёни баррасии масъалаи мазкур Раиси шаҳр таваҷҷуҳи масъулин ва ниҳодҳои дахлдорро ба масъалаи ба кор андохтани корхонаҳои хусусигардонидашуда ва аз фаъолият бозмонда инчунин пешгирии ҳолатҳои барҳамхӯрии корхонаҳои истеҳсолӣ, зиёд намудани номгӯй ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти баландсифат ва рақобатпазир бо роҳи таъсиси хатҳои нави истеҳсолӣ ҷалб намуда, таъкид карданд, ки барои ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагони маҳсулоти ватанӣ, таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҳарчӣ зудтар оғоз намудани корҳои сохтмонии корхонаҳои истеҳсолии банақшагирифташуда тадбирҳои заруриро ба роҳ монанд.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки бобати вусъати корҳои сохтмонӣ дар бунёди корхонаҳои нави истеҳсолии саноатӣ, пайваст намудани бинову иншоот бо хаттҳои гармидиҳӣ, беҳтар намудани сифати таъмини биноҳои бисёрошёна бо об чораҳои бетаъхир андешида шавад.
Иҷлосия натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанберо дар нимсолаи аввали соли 2019 ҷамъбаст ва вазифаҳоро барои нимсолаи дуюм муайян кард.
Тавре зикр гардид, бо назардошти роҳандозии тадбирҳои зарурӣ дар ин давра тамоюли мусбии аксари соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва устувории нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии шаҳр таъмин карда шуд.
Мувофиқи маълумоти пешакии оморӣ Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар нимсолаи аввали соли 2019 ба 6 миллиарду 662,3 миллион сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6, 7 фоиз ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 21,2 фоизро ташкил дод.
Дар ин робита, ба муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони дастгоҳ ва воҳидҳои сохтории дахлдори Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки бо дарназардошти сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқололияти давлатии Тоҷикистон иҷрои саривақтии Нақша-чорабиниҳои амалисозии корҳои ободониву бунёдкориро дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо сифати баланд таъмин намуда, рушди соҳаи саноат, бахусус бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ, дар ҳамкорӣ бо соҳибмулкон ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва дар ин замина дарёфти сарчашмаҳои нав ба буҷет ва иҷрои саривақтии нақшаи он, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ дар раванди истеҳсолот, беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо барқу гармӣ, ҷамъоварии маблағи истифода аз хизматрасониҳои коммуналӣ, пешгирии ҳолатҳои ғасби замин, сохтмони худсаронаи ошёнаҳои иловагӣ ва манзилҳои истиқоматӣ дар шаҳр, беҳтар намудани сифати бунёди роҳҳо, назорати нарху навои маҳсулот дар бозорҳо, тоза ва озода нигоҳ доштани гирду атрофи корхонаву муассиса ва тарабхонаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода, масъулин ва намояндагони ҳифзи ҳуқуқу тартиботро вазифадор намуданд, ки дар ин самт пеши роҳи ҳама гуна қонуншиканӣ ва вайронкориҳоро гирифта, миёни сокинон корҳои тарғиботӣ ҷоннок намоянд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо инобати таъмини рушди устувори пойтахт вазифаҳоро барои давраи минбаъда муайян карданд.
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар робита ба масъалаҳои кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳимми шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ кард.
Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардид.