ФЕСТИВАЛИ ДӮСТИИ ҶАВОНОНИ ДУШАНБЕ: "ҶАВОНОН ДАР МАСИРИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ"

07 Майи 2021, Ҷумъа

 
ш. Душанбе. 07.05.2021. Имрӯз дар толори Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Аҳорун» бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон маросими ифтитоҳи Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони “Ҷавонон дар масири Истиқлолият ва давлатдории миллӣ” баргузор гардид.
Фестивали мазкур бо мақсади иҷрои банди 5-и Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 5 майи соли 2021, №251 тасдиқ шудааст ва баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, таҳкими муттаҳидӣ, дӯстӣ ва ягонагӣ дар байни ҷавонон, табодули маълумот, таҷрибаомӯзӣ ва шиносоӣ аз ҷойҳои фарҳангию фароғатии пойтахт, ҳифзи меросҳои фарҳангӣ ва манфиатҳои миллӣ рӯзҳои 7-11 майи соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода бо иштироки беш аз 100 нафар ҷавонони кишвар ва хориҷи он доир мегардад.
Дар маросими ифтитоҳи Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони “Ҷавонон дар масири Истиқлолият ва давлатдории миллӣ” меҳмонон аз вазорату идораҳо, ташкилоту системаҳои шаҳрӣ, ҷавонони фаъоли касбу кори гуногун, муҳассилини донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои касбии кишвар иштирок намуда, нахуст аз дастовардҳои варзишгарону ҷавонони ихтироъкори донишгоҳу донишкадаҳои олии шаҳри Душанбе, ки дар даромадгоҳи Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Аҳорун» ба намоиш гузошта шуда буд, дидан намуданд.
Дар расми ифтитоҳи фестивал муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ суханронӣ намуда, меҳмонону иштирокдоронро аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо итфитоҳи тантанаҳо бахшида Рӯзи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе табрик намуда, дар роҳи татбиқ намудани сиёсати давлатии ҷавонон, ободу зебо нигоҳ доштани пойтахти кишвар, муаррифии фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ба ҷаҳониён, ҳифзу ҳимояи марзу буми меҳан ва манфиатҳои миллию давлатӣ муваффақияту пирӯзӣ таманно намуд.
Зикр гардид, ки сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маҳсуб ёфта, ба хотири таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии ҷавонон, таҳкими мақоми онҳо дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа, барои беҳтар гардонидани шароити зиндагиву таҳсил, касбомузӣ ва фаъолияти пурсамари онҳо тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.
Қабул ва мавриди иҷро қарор гирифтани барномаҳои давлатии соҳаи кор бо ҷавонон, таъсиси стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна, ибтидоӣ ва олии касбӣ, бунёди Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе, ҳамасола аз нигоҳи моддиву маънавӣ дастгирӣ ёфтани ҷавонони соҳибистеъдод, иштироки онҳо дар форуму олимпиада ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дар хориҷи кишвар, баргузории фестивалу ҳамоишҳои байналмилаливу минтақавӣ, сохтаву мавриди истифода қарор додани иншооти варзишию таълимӣ, ҷалби ҷавонон ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ, иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа ва ҳамасола дар сатҳи баланд таҷлил гардидани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нисбат ба насли ҷавон дарак медиҳад.
Лозим ба зикр аст, ки фестивали мазкур дар доираи ҳафтаи ҷавонон бо заҳмату талош ва дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсии ҷавонон роҳандозӣ карда шудааст. Фестивали мазкур то рӯзи 11майи соли ҷорӣ идома карда, мувофиқи нақша дар назар аст, ки иштирокдорони фестивал дар Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 110-солагии Мирзо Турсунзода дар толори Бонки миллии Тоҷикистон, сафар ба шаҳри Турсунзода, тамошои хона-музейи Мирзо Турсунзода, суҳбату вохӯриҳо бо ҷавонон ва фаъолони шаҳри Турсунзода ба хотири табодули маълумоту таҷрибаомӯзӣ, тамошои барномаи театрии Муассисаи давлатии “Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М. Қосимов”, иштирок дар чорабиниҳои фарҳангии боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Шоми дӯстӣ” ва Конференсияи илмӣ - назариявӣ бо ширкати олимону муҳаққиқони ҷавон таҳти унвони “Ҷавонон дар масири Истиқлолият ва давлатдории миллӣ” иштирок намоянд.
Дар фарҷом чорабинии фарҳангӣ иборат аз суруду мусиқиҳои ватандӯстиву меҳанпарастии дастаҳои ширинкори донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар манзури меҳмонону иштирокчиёни фестивал гардонида шуд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед