ЭЪЛОН: ТАҒЙИРИ РАҚАМИ ХАТСАЙРИ НАҚЛИЁТИИ 33 БА 55А
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шурӯъ аз санаи 15 майи соли 2021 дар хатсайри микроавтобусии №33 бе тағйири нақшаи ҳаракат, рақами хати сайр иваз гардида, минбаъд ин хатсайр таҳти рақами №55А, бо хатсайри автобуси №55 баробар фаъолият менамояд.
Бояд қайд намуд, ки фаъолияти хатсайри мазкур тибқи ҷадвали тасдиқгардида ба роҳ монда шуда, танҳо рақами хати сайр аз рақами 33 ба 55А иваз карда мешавад.