КУМАКИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ҚИШРИ НИЁЗМАНДИ ҶОМЕА

11 Майи 2021, Сешанбе

ш. Душанбе. 11.05.2021. Дар сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, алалхусус ятимону барҷомондагон ва афроди яккаву танҳо аз самтҳои муҳим ва мавриди таваҷҷуҳ дониста мешавад. Бахусус дар арафаи ҷашну идҳо бохабар шудан аз ҳолу аҳволи онҳо яке фазилатҳои неки инсонӣ дониста мешавад, ки хушбахтона аз дар кишвар ба он аҳаммияти лозима дода мешавад.  Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, хоссатан Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ низ ин иқдоми ҷавонмардонаро ҳамаҷониба дастгирию пайравӣ карда, баҳри ҳаллу фасли мушкилоти иҷтимоии қишри ниёзманди ҷомеа тадбирҳои таъхирнопазир меандешанд. Дар ҳошияи ин чораандешиҳои неку наҷиб ва ҳамчун исботи ҷонибдорӣ аз сиёсати инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба фарорасии Иди Рамазон ба  2 ҳазору 890 нафар тарбиятгирандагони хонаҳои кӯдакон, мактаб-интернатҳо ва бошандагони хонаи пиронсолон, ятимони кулл, оилаҳои ниёзманд ва дигар гурӯҳҳои осебпазири ноҳияҳои шаҳри Душанбе, инчунин хизматчиёни ҳарбӣ кумаки навбатии худро расониданд. Ташаббуси навбатии шаҳрдорӣ, ки дар пешрӯйи фарорасии иди Рамазон рост омад, боиси хушҳолии беандозаи ятимону барҷомондагон ва қишри  ниёзманд гардида, онҳо сипоси самимии хешро нисбат ба ғамхориҳои ҳамешагӣ ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иброз доштанд. Маҷмӯйи умумии кӯмакҳои расонидашуда аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба тарбиятгирандагони хонаҳои кӯдакон, мактаб-интернатҳо, бошандагони хонаи пиронсолон, ятимони кулл, оилаҳои ниёзманд ва дигар гурӯҳҳои осебпазири ноҳияҳои шаҳри Душанбе 348 тонна маводи ғизоӣ, аз қабили орду равған, шакару биринҷ, макарон, гӯшт, сабзавоту меваҷоти тару тоза, маҳсулоти ширӣ,   маводи шустушӯйӣ ва маҳсулоти хоҷагидорӣ иборат буда, ин иқдом бешубҳа дар беҳбуд бахшидани сатҳи зиндагии ин қишри аҳолӣ ва ғанӣ гардидани сабади истеъмолии онҳо таъсири мусбат мегузорад. Қобили зикр аст, ки тарбиятгирандагон ва истифодабарандагони тамоми муассисаҳои иҷтимоии дар ҳудуди пойтахт ҷойгирбуда, дар арафаи ҳама иду ҷашнҳо аз кӯмакҳои Раиси шаҳри Душанбе баҳраманд мешаванд. Ин аст, ки дар ин муассисаҳои зикргардида шароити зарурии таълим ва буду боши доимию муваққатӣ фароҳам буда, мутахассисони варзидаи соҳа баҳри саробонии афроди ба нигоҳубин эҳтиёҷдошта ва таълиму тарбияи кӯдакону наврасон дар таълимгоҳҳо сафарбар шудаанд ва ин тифлакони бо амри тақдир аз падару модар маҳруммонда, орӣ аз эҳсоси танҳоӣ ва дар руҳияи  ватандӯстию шукргузорӣ аз арзишҳои умумимиллӣ ба воя мерасанд. Самараи шароитҳои фароҳамгарида ва таваҷҷуҳи  падарона нисбат ба бошандагони мактаб-интернатҳо аст, ки сатҳи донишандӯзи онҳо сол аз сол беҳтар гардида, бо иштирок дар озмуну мусобиқоти гуногун торафт ба дастовардҳои бештар ноил мегарданд. Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ кумаку ғамхориҳои доимии хешро ба ин қишри аҳолӣ идома бахшида, баҳри аз миён бурдани эҳсоси танҳоию тангдастии онҳо чораҳои саривақтӣ меандешад. Лозим ба таъкид аст, ки дасти кӯмак дароз кардан ба ятимону ниёзмандон дар ҳама давру замон аз анъанаҳои неки ниёгони мо маҳсуб мешавад ва ин анъанаи наку имрӯз ҳам дар симои кору пайкори созанда ва инсонпарваронаи роҳбарияти олии мамлакат ва шаҳри Душанбе идома дода мешавад.

Илова кунед